Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи Мирзо Боқӣ ва иди ходимони амният


Имрӯз, 28 декабр, дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти амниятист. Имрӯз шоирони маъруфи тоҷик Мирзо Боқӣ ва Саидалӣ Маъмур зодрӯз доранд. 28 декабр дар кишвари африқоии Ғана даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир мешавад. Имрӯз дар Пекин ҳаракати озмоишӣ дар хатти метрое, ки аз зери дарёи Янтсзӣ мегузарад, анҷом хоҳад шуд. 28 декабри соли 1973 Александр Солженитсин китоби “Архипелаги ГУЛАГ”-ашро, ки даҳшатҳои террори замони Сталинро фош мекунад, ба нашр расонд. 28 декабри соли 1938 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ва 28 декабр дар тақвим Рӯзи байналмилалии синамост.
XS
SM
MD
LG