Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юриши тазоҳургарон ба Минтақаи Сабзи Бағдод


Чандсад нафар аз тазоҳургарон дар Ироқ ба Минтақаи Сабзи Бағдод пойтахти Ироқ юриш бурданд ва гурӯҳе аз онҳо ба бинои порлумон ворид шуданд. Тазоҳуроти тарафдорони Муқтадо Садр як рӯҳонии бонуфузи шиамазҳаб баъди он шурӯъ шуд, ки вакилони мардумӣ аз раъйдиҳӣ дар бораи ислоҳот дар таркиби ҳукумат даст кашиданд. Бо вуҷуди он ки хушунате дар ҷараёни тазоҳурот дида нашудааст,нерӯҳои амниятии Ироқро барои таъмини амнияти сафоратхонаҳо, биноҳои ҳукуматӣ ва дигар муассисаҳои муҳиме, ки дар Минтақаи сабз ҷойгиранд, сафарбар карданд. Маъмурони пулис ба вуруди тазоҳургарон ба бинои порлумон мамониат накарданд. Созмони Милал гуфтааст, ки аз тазоҳурот дар ин маҳал башиддат нигарон шудааст. Тарафдорони Муқтадо Садр чанд ҳафта боз аз Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ фишор меоранд, ки дар таркиби ҳукумат ислоҳоти ваъдагиашро анҷом диҳад. Вале баъзе аз ҷиноҳҳои порлумон монеи талошҳои нахуствазир барои барканор кардани баъзе аз мақомоти баландпоя шудаанд. Онҳо мегӯянд, ин афроди баландпоя барои ҷилавгирӣ аз хусуматҳои мазҳабӣ ва тавозун байни аққалиятҳо заруранд.

XS
SM
MD
LG