Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Назарбоев телефонӣ гуфтугӯ карданд


Назарбоев ва Путин, акс аз бойгонӣ
Назарбоев ва Путин, акс аз бойгонӣ

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев-раисони ҷумҳури Русияву Қазоқистон 8 феврал бо ҳам телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, дар ин гуфтугӯ ҷонибҳо бештар ба иҷрои тавофуқоти Минск роҷеъ ба қатъи ҷанг дар шарқи Украина ва ба сардӣ гароидани муносиботи Туркияву Русия таваҷҷуҳ кардаанд.

Путин гуфтааст, ки муносиботи миёни Маскав ва Анкара ба гуноҳи ҷониби Туркия сард шудааст, бинобар ин бояд Туркия барои беҳбудии муносибот талош кунад.

Гуфтугӯи телефонии Назарбоев ва Путин баъд аз ду рӯзи боздиди Аҳмад Довудуғлу-нахуствазири Туркия аз Остонаи Қазоқистон ва мулоқоташ бо Назарбоев анҷом гирфтааст.

24 ноябри соли гузашта Туркия як ҳавопаймои низомии Русияро дар марзи миёни Сурияву Туркия сарнагун кард. Баъд аз ин ҳодиса муносиботи Маскаву Анкара сард шуд. Қазоқистон бо ҳар дуи ин кишварҳо муносибот ва ҳамкориҳои наздик дорад.

XS
SM
MD
LG