Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаластинӣ ба афсари пулиси Исроил корд зад


Як марди фаластинӣ дар Иерусалим ба як афсари пулис корд зад ва худаш аз тири нируҳои амниятӣ ба қатл расид. Ин ҳамла 29 ноябр дар назди дарвозаи Шаҳри Қадим рух дод.

Ба гуфтаи як корманди пулис, афсари онҳо сатҳӣ захмӣ шудааст. Дар силсилаҳамлаҳои ду моҳи гузашта ин охирин ҳамла мебошад. Аз миёнаи моҳи сентябр то ҳол исроилиҳо ё дар ҳамлаҳои фаластиниҳо бо корд ва ё дар тирандозиҳо кушта шудаанд.

Дар ин муддат 96 нафар фаластинӣ низ ба қатл расидаанд. 60 нафари онҳо баъд аз ҳамла ба исроилиҳо кушта шудаанд. Боқимонда дар даргириҳо бо нируҳои Исроил ҷон бохтаанд.

Фаластиниҳо мегӯянд, ки баъд аз талошҳои тӯлонӣ барои сулҳ сабаби ин ҳамлаҳо набуди умед ба инстиқлолияти давлатӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG