Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз задани ҳавопаймои Русия изҳори таассуф кард


Раҷаб Тайип Эрдуғон
Раҷаб Тайип Эрдуғон

Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия аз сарнагун сохтани ҳавопаймоии низомии Русия тавассути нируҳои кишвараш изҳори таассуф кард.

28 ноябр вай ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон қабл аз изҳори таассуф бори дигар аз тасмими Туркия дар бораи задани ҳавопаймо дифоъ кард. Вале бори дигар даъват кард, ки ҳафтаи оянда дар ҳошияи мулоқоти раҳбарон дар Пориси Фаронса бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мулоқоте дошта бошад.

Задани ҳавопаймои низомии Русия дар марзи Сурия дар 24 ноябр вокунишҳои шадиди ҷавобии Русияро ба бор овардааст. Аз ҳамон замон то ҳол сафари ҷаҳонгардони Русия ба Туркия маҳдуд шудааст, мошинҳои бории Туркия дар марз боздошта ва маводи ғизоӣ мусодира шудааст. Ҳамчунин барои таҳримҳои иқтисодии марзӣ омодагӣ идома дорад.

Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия 27 ноябр ба Русия ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Вай ба ин нукта ишора кард, ки тоҷирони Туркия дар Русия боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG