Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми пинҳонии Амрико дар мавриди Эрон


Бино ба гузориши хабаргузории "Ройтерс", ҳукумати раиси ҷумҳур Барак Обама ба ҳукуматҳои хориҷӣ ва бонкдорони Амрико пинҳонӣ гӯшзад кардааст, таҳримот алайҳи Эрон ҳамчунон бар ҷой аст ва онҳо набояд барои сармоягузорӣ дар ин кишвар шитоб кунанд. Манобеъи ҳукуматӣ ва дипломатӣ ба хабаргузории "Ройтерс" рӯзи 9-уми октябр гуфтаанд, ки ҳукумати Амрико як паёми маҳрамона бо ҳамин мӯҳтаворо ба тамоми сафоратҳояш дар саросари ҷаҳон фиристодааст. Дар ин паём омадааст, ки таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эрон танҳо замоне бардошта мешавад, ки Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ маълум кунад, ки Эрон бандҳои созиши атомиро комилан иҷро кардааст. Интиқодҳо дар Амрико дар ин бора, ки кишварҳои дигар пеш аз маълум шудани натиҷаҳои созиши атомӣ барои сармоягузорӣ ба Эрон шитофтаанд, ҳукумати Барак Обамаро водор ба навиштани чунин паём кардааст. Баъди имзои созиши атомӣ дар моҳи июл ҳайатҳои соҳибкорони хориҷӣ аз ҷумла аз Олмон, Бритониё, Фаронса, Итолиё, Ҷопон ва Ҳинд бо раҳбарии мақомоти баландпояи ҳукуматӣ ба Эрон рафта ва масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар ояндаро баррасӣ карданд. Давид Дондуа, вазири умури хориҷии Гурҷистон гуфтааст, Амрико аз кишвараш хостааст, то замоне, ки Эрон ба аҳдаш барои маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомӣ вафо накунад, аз “ҳамкории ҳаматарафа” бо ин кишвар худдорӣ варзад.

XS
SM
MD
LG