Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон


Дастаи мунтахаби Қирғизистон оид ба футбол бо мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол−2018 бозиро мусовӣ (2:2) анҷом дод.

Даври чоруми бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи “В” дар Бишкек сурат гирифт. Ба итттилои пулис, барои таъмини назми омма беш аз 4,5 ҳазор корманди пулис ҷалб шуда буд. Дар майдони ба номи Долон Омурзоқов ва берун аз он ҳодисаҳои вайрон кардани тартибот ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали ин ҳафта ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Федератсияи футболи Қирғизистонро барои вайрон кардани тартибот − фурӯзон кардани оташак аз сӯи як мухлисе, ки ба майдон даромад ва пурии беш аз ҳадди ҷойҳои нишаст дар бозии 16−уми июн миёни мунтахабҳои Қирғизистон ва Австралия дар Бишкек ба андозаи 28 ҳазор доллар ҷарима кард.

XS
SM
MD
LG