Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пои мусофири тоҷик зери чархи қатор монд


Як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 2 сентябр дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Липетски Русия зери қатори роҳи оҳан монда, аз як пояш маҳрум шудааст. Гуфта мешавад, ин мард ҳангоми паридан аз вагони қатори Маскав - Новороссийск зери чархи қатор мондааст. Галина Панова, кафили сардухтури бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Липетск ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ин шаҳрванди Тоҷикистон дар як вазъи собит қарор дорад ва таҳдиде ба ҳаёташ боқӣ намондааст, вале “баъди онки одам зери чархи қатори роҳи оҳан монд, табиист ки барқарор кардани пояш дигар имкон надорад.”

Хонум Панова ба далели сирри тиббӣ аз гуфтани исми ин шаҳрванди Тоҷикистон худдорӣ кард. Ба гуфтаи шоҳидон, ин мард ҳатто баъди зери чархи қатор мондани пояш аз ҳуш нарафт ва то омадани пулису “Ёрии таъҷилӣ” сигор мекашид.

XS
SM
MD
LG