Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломияи Душанбе алайҳи "Давлати исломӣ"


Иштирокдорони як ҳамоиши байнулмилалӣ дар Душанбе зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" эъломия қабул карда, гуфтаанд, ки ба ҳеч ваҷҳ марги аъзои онро шаҳодат ҳисобан мумкин нест. Ин ҳамоиш ҳафтаи гузашта дар пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури рӯҳониёни шинохта аз Покистону Русия ва Қафқоз бо номи "Ислом зидди эктремизми динӣ ва терроризм" баргузор шуд, вале тоза матни он аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва вашну маросимҳои миллӣ расонаӣ гардид. Дар ин эъломия гуфта мешавад, "якдилона изҳор менамоем, ки зуҳуроти экстремизми динӣ ва терроризми байнулмилалӣ ба дини мубини Ислом ҳеч рабт надошта, баръакс, чунин хатарҳо боис ба бадномии ин дини пок мегарданд." Иштирокдорони ҳамоиш дар идома таъкид кардаанд, "аз ин рӯ, амалиёти ҷангҷӯёна ва террористии онҳо њаргиз ҷиҳоди исломӣ набуда, марги пайравони ин гурӯҳҳои ифротиро аз назари Ислом ҳаргиз шаҳодат номидан мумкин нест."

XS
SM
MD
LG