Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мизбони нишасти ояндаи сарвазирони ИДМ


Қарор аст, нишасти ояндаи раҳбарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 29 май зимни ширкат ва суханронӣ дар нишасти навбатии сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Остона, пойтахти Қазоқистон, гуфт, "нишасти ояндаи сарони ҳукуматҳои ИДМ ба таърихи 30 октябри соли ҷорӣ сурат мегирад".

Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, ҷаноби Расулзода, изҳори умедворӣ кардааст, нишасти Душанбе дар сатҳи баланд ва омодагии комил баргузор хоҳад шуд. Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин сӯ узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

XS
SM
MD
LG