Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як ҳамҷинсгаро дар шаҳри Душанбе


Бино бар иттилои хабаргузории “Озодагон”, як марди ҳамҷинсгаро, ки тақрибан 55 сол дошт, рӯзи 30-юми апрел дар ноҳияи Шоҳмансур, дар маҳаллаи маъруф ба “Гардиши фурудгоҳ” кушта шуда, бо гумони даст доштан дар ин қатл ду ҷавон боздошт шудаанд. Бино бар як манбаъ дар мақомоти умури дохилӣ, куштор баъд аз алоқаи ҷинсӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо ин ҳамхобагӣ таҷовуз шумурда нашудааст, зеро бо ризоияти тарафҳо ба амал омадааст. Моҳи гузашта чанде аз ҳамҷинсгароён ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки худро дар Тоҷикистон эмин ҳис намекуунанд ва дар талоши дарёфти паноҳандагӣ дар хориҷ аз ин кишваранд.

XS
SM
MD
LG