Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷир дар об ғарқ шудаанд


Матбуоти Италия мегӯяд, бими он меравад, ки шаби гузашта баъд аз чаппа шудани киштии муҳоҷирони либиёӣ тақрибан 700 нафари онҳо дар об ғарқ шуда бошанд. Ин киштӣ дар обҳои соҳилии Либия ба мусибат дучор шудааст.

Горди солҳилии Италия гуфт, ки 19 апрел 28 нафарро дар ҷануби ҷазираи Лампедусаи Италия наҷот додаанд. 24 ҷасади дигарро пайдо кардаанд. Сарнавишти афроди дигар номаълум боқӣ мондааст.

Аз аввали сол то ҳол аз кишварҳои Африқо ва Ховари Миёна тақрибан 20 ҳазор нафар худро ба соҳилҳои Италия расондаанд. Вале 900 нафари онҳо ҷон додаанд. Танҳо ҳафтаи гузашта 400 нафар ғарқ шуданд.

XS
SM
MD
LG