Додгоҳи низомии шаҳри Остона ҳукми чаҳор маъмури пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро, ки дар шиканҷаи 13 боздоштшуда гумонбар буданд, содир кард.
Мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостаанд, ҷаҳонгардони хориҷиву дохилиро ба як гӯшаи зебои кишвар набаранд, зеро хатари сирояти як бемории хатарнок дар онҷо зиёд аст.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар мавриди танзими иҷозатномаи кори хабарнигорони ин радио ба созиш расиданд.
Дэвид Кэмерон, вазири корҳои хориҷии Бритониё, гуфт, Қирғизистон бояд ҳаққи интихоби шарикони худро дошта бошад.
Дар вилояти Суғд кишти баъзе аз зироатҳоро дар заминҳои ба истилоҳ президентӣ ва обӣ манъ карданианд.
Додгоҳи ҳавзаи дувуми низомии ғарбии Русия сухангӯи ширкати "Meta" Энди Стоунро дар ғайбаш ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ширкатҳои мухобиротӣ дубора дар пайи боло бурдани нархи тарофаҳои хизматрасонӣ ҳастанд.
Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ расман дархост кардааст, ки барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” маблағгузорӣ кунад. Ин нукта зимни вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон садо додааст.
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон як вакили дифоъро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар дарёҳои кишвар панҷ кӯдак ва наврас ғарқ шудаанд.
Тақрибан 15 намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба зидди сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Италия дар Литва тазоҳурот кардаанд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки бозии сеюмашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бо тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, дар гурӯҳи “С” ғолиб шуд ва ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Ёфтҳои бештар