Созмони ҳомии ҳуқуқи "Freedom House" ё "Хонаи Озодӣ" дар гузориши солонаи худ Узбекистонро кишваре номидааст, ки дар он нишонаҳои низоми худкома тақвият меёбанд.
Вазорати молияи Амрико рӯзи 18-уми апрел дар баёнияе гуфт, Иёлоти Муттаҳида пас аз ҳамлаи Эрон ба Исроил ба зидди Ҷумҳурии Исломӣ таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон 19-уми апрел ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки аз сафар ба Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил, Эрон, Сурия, Ироқ, Лубнон ва Фаластин муваққатан худдорӣ кунанд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг ширкат мекунанд. Мусобиқа рӯзҳои 20-22-юми апрел хоҳад гузашт.
Додгоҳе дар шаҳри Маскав 18-уми апрел Владимир Головченкоро, ки ба даст доштан дар тарконидани мошини афсари пешини Хадамоти амнияти Украина Василий Прозоров дар пойтахти Русия муттаҳам мешавад, ба ҳабс гирифт.
Пулиси ахлоқ дар Эрон Ойдо Шокарамӣ, хоҳари Нико Шокарамӣ, як қурбонии тазоҳуроти "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ"-ро дастгир кардааст.
Президенти Украина бори дигар аз ҳампаймонҳои ғарбии кишвараш хост, ки ҳарчи зудтар Киевро бо низоми дифои ҳавоии бештар таъмин кунанд.
Ду мардро ба иттиҳоми ҳамла ба Леонид Волков, яке аз ёрони пешини Алексей Навалний, дар Лаҳистон (Полша) дастгир кардаанд.
Дар Русия тартиби гирифтани имтиҳон аз муҳоҷиронро сахттар карданд.
Як ронандаи нақлиёти умумиро дар Душанбе, барои дашном додан даҳ рӯз ҳабс карданд. Рӯзи 18-уми апрел хабаргузории “Азия-Плюс” навори баҳси як зан бо ронандаи мусофиркашро дар Фейсбук пахш кард.
Ширкатҳои интернетрасон дар Қирғизистон ба бастани шабакаи иҷтимоии TikTok шуруъ кардаанд.
Ҳайдаралӣ Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи додгоҳе дар Русия бо айби узвият дар "Ҳизб ут-Таҳрир" 7 сол зиндонӣ шуд.
Ёфтҳои бештар