Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳо зидди Русияро баррасӣ мекунад


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо аз вазирони умури хориҷии кишварҳои худ хостанд, ки чораҳои ҷавобӣ, аз ҷумла, имкони таҳримҳои нав алайҳи Русия, дар посух ба ташдиди авзоъ дар шарқи Украинаро баррасӣ кунанд. Қарор аст, ки нишасти вазири умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29 январ дар Брюссел баргузор шавад.

Дар изҳороти муштараки нахуствазирони 28 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, ба далелҳои зиёди кӯмаки Маскав ба ҷудохоҳони Донбасс ишора шудааст. Сарони Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз Русия даъват карданд, ки амалҳои ҷудоихоҳонро маҳкум кунад ва ба иҷрои шартҳои созиши Минск оид ба оташбас арҷ гузорад. Созиши оташбас миёни Киев ва ҷудоихоҳон моҳи сентябри соли гузашта ҳосил шуда буд ва аммо охири ҳафтаи гузашта халалдор шуд.

Нахуствазирони кишварҳои аврупоӣ ҳамла ба шаҳри Мариуполро, ки бар асари он 30 сокини осоишта ҷон бохта ва беш аз сад каси дигар ҷароҳат бардоштаанд, маҳкум намуданд.

XS
SM
MD
LG