Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Мубораки 7-сола аз консерваи худсоз


Истеъмоли консерваи худсоз дар Исфара боиси ҳалокати Муборак Сатторова ва заҳролудшавии шаш узви оилаи онҳо шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса шоми 26 январ, ҳангоми ғизои шоми оилаи Сатторовҳо, сокинони ҷамоати деҳоти Шаҳраки ноҳияи Исфара, иттифоқ уфтодааст. Ба иттилои манбаъ, ҳоло шаш тан узви хонаводаи Сатторовҳо дар бемористон бистариянд.

“Маъмулан соҳибхоназанҳо бо истифода аз меваю сабзавот барои худ консерваҳои гуногун захира менамоянд. Баъзан вақт ҳангоми омода намудани чунин консерваҳо талаботи санитарию гигиенӣ риоя карда намешавад, ки боиси заҳролудшавии худ ва аъзои оила мегардад”,-омадааст дар иттилоияи Вазорати умури дохилӣ.

Ин ниҳод дар охир аз сокинон хостааст, “ҳангоми омода намудан ва истеъмоли консерваҳои худсоз боэҳтиёт буда, ҳаёту саломатии худро эмин нигоҳ доранд.”

XS
SM
MD
LG