Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳои ҳастаии Амрикову Ҳинд ҳал шуд


Барак Обама ва Нарендра Модӣ
Барак Обама ва Нарендра Модӣ

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Нарендра Модӣ-нахуствазири Ҳиндустон 25 январ эълон карданд, ки онҳо барои қатъи як зарбулаҷал ба тавофуқ расиданд, ки дар натиҷаи он имзои қарордоди истифодаи ғайринизомии нируи ҳастаӣ ба таъхир афтода буд.

Тавофуқоти усулии миёни ду кишвар соли 2008 ба имзо расида буд ва бар асоси он Ҳиндустон имкон пайдо кард, ки таҳқиқоти худро барои истифодаи сулҳомези нируи ҳастаӣ идома диҳад. Вале аз он замон то ҳол Амрико пофишорӣ мекард, ки истифодаи маводи тақсимкунандаи заррачаҳои ҳастаӣ назорат шавад.

Обама зимни суханони худ дар нишасти хабарии муштарак дар Деҳлӣ гуфт, ин ду кишвар ба тавофуқоте даст ёфтанд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши истифодаи сулҳомези нируи ҳастаӣ имкон медиҳад.

XS
SM
MD
LG