Манижа Сангин, овозхони тоҷики муқими Русия, баъд аз ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" муроҷиатномаи видеоӣ нашр кард.
Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкати чинӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 6,6 гектар замин додааст.
Русия ҷасади ду шаҳрванди Қазоқистон Собит Аширалиев ва Ҷонибек Таскуловро, ки дар натиҷаи як амалиёти ФСБ кушта шуда буданд, то ҳол ба наздиконашон надодааст.
Теъдоди қурбониёни ҳамла ба толори мусиқии “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав рӯзи 27-уми март ба 140 нафар расид.
Хабарнигори тоҷик Анушервон Орипов мегӯяд, рӯзи 26-уми март ӯ ва чанд шаҳрванди дигари Тоҷикистон натавонистаанд ба хоки Гурҷистон ворид шаванд.
Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко рӯзи 26-уми март гуфт, ҳамлаварон ба толори консертӣ дар наздикиҳои Маскав дар охири ҳафтаи гузашта бинобар чораҳои амниятӣ дар сарҳад натавонистанд вориди кишвараш шаванд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тасдиқ кард, ки муовини пешини раиси Хадамоти гумруки он кишвар Райимбек Матраимовро боздошт кардааст. Дар ин бора КДАМ 27-уми март хабар дод.
Вакилони мудофеи гумонбарони ҳамла ба "Крокус Сити"-и шаҳри Маскав бо таҳдидҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.
Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, рӯзҳои 28-29-уми март бо сафари корӣ ба Чин меравад ва дар ҷаласаи Форуми осиёии Боао ширкат мекунад.
Мақомоти Узбекистон пас аз ҳамлаи маргбор дар толори “Крокус Сити”-и Маскав аз муҳоҷирони кории узбек дар Русия хостаанд, ки талаботи бехатариро риоя кунанд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист.
Ёфтҳои бештар