Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 5 ифротгарои исломиро куштанд


Дар зарбаи як ҳавопаймои бесарнишини Амрико ба паноҳгоҳи тундравон дар як минтақаи ноороми қабиланишини Покистон дасти кам 5 тундрав кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, ҳавопаймо рӯзи 20-уми декабр ин паноҳгоҳро дар маҳаллаи Модахел дар минтақаи Дотахели вилояти Вазиристони Шимолӣ ҳадаф гирифтааст. Вазиристони Шимолӣ дар марз бо Афғонистон бузургтарин паноҳгоҳ барои гурӯҳҳои шарики Ал-Қоида дар Покистон аст ва контроли вилоят ҳам дар дасти онҳост. Артиши Покистон ахиран амалиёт барои пок кардани ин минтақа аз ҳузури тундравони исломиро тақвият бахшид.

XS
SM
MD
LG