Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо ошӯбгар дар як ҳамлаи ғофилгирона дар канори Димишқ


Расонаҳои хабарии давлатии Сурия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар канори шаҳри Димишқ дасти кам 30 тан аз ошӯбгаронро куштанд. Ба навиштаи хабаргузории давлатии SANA, рӯзи 27 ноябр 50 "террорист" дар ҳоле ба ҳалокат расиданд, ки мехостанд аз ҳамлаи ғофилгиронаи артиш дар мавзеи Майдааи канори Димишқ ба вилояти ҳамсояи Думайр фирор кунанд. Расонаҳои давлатии Сурия аз мухолифини ҳукумати Башор Асад чун "террорист" ном мебаранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё мустақаранд, дар бораи ҳалокати дасти 30 нафар бар асари ҳамлаи шабонаи нерӯҳои ҳукуматӣ хабар доданд. Ба иттилои онҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии Сурия бомборони шаҳри Ал-Риққа, такягоҳи асосии гурӯҳи “Давлати исломи”-ро аз сар гирифтанд.

Ду рӯз пеш бар асари ҳамлаҳо аз фазо дар ин шаҳр тақрибан 100 нафар кушта шуданд, ки тақрибан нисфи онҳо сокинони осоишта буданд. Вазорати умури хориҷии Амрико ин ҳамлаҳои ҳавоиро маҳкум кард ва изҳор намуд, ки барои режими Сурия ҷони инсон баҳое надорад.

XS
SM
MD
LG