Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони нави Украина ба кор шурӯъ кард


Александр Турчинов, раиси Верховная Рада, рӯзи 27 ноябр бо ифтитоҳи ҷаласаи тантанавӣ ба фаъолияти парлумони нави Украина ибтидо гузошт. Дар ҷаласаи тантанавӣ, ба ҷуз вакилони тозаинтихоб, раҳбарони пешини кишвар Леонид Кучма, Леонид Кравчук ва Виктор Ющенко, нахуствазир Арсений Ятсенюк, аъзои ҳукумат ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузур доштанд.

Аҳли нишаст бо як дақиқаи сукут ба ёди қурбониёни роҳи озодӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар шаҳрқи Украина кушта шудаанд, арҷ гузоштанд. Сипас вакилони Верховная Рада якҷоя савганд ёд карданд.

Дар интихоботи порлумонии Украина, ки рӯзи 26 октябр баргузор шуд, ҳизби “Ҷабҳаи мардуми”-и Ятсенюк бо 22,2 дарсади оро дар зинаи аввал қарор гирифт. Эътилофи раисиҷумҳур Петро Порошенко бо 21,8 дар сад дар зинаи дуввум ҷой гирифт. Ҳизбҳои «Баткившина»-и Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Украина, “Самопомош”-и Андрей Садовий, шаҳрдори Лвов, гурӯҳи вакилони собиқи Ҳизби манотиқ ва ҳизби тундгарои Олеҳ Ляшко низ вориди порлумони нав шудаанд.

Баъд аз эълони натоиҷи интихобот раисиҷумҳур Порошенко аз Арсений Ятсенюк хост, ки ҳукумати навро таъсис кунад.

XS
SM
MD
LG