Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаӣ ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шудааст


Музокироти байналмиллалӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон, ки то ҳол дар бунбаст қарор дошт, имрӯз ба марҳилаи ниҳоии худ наздик шудааст. 24 ноябр мӯҳлати созишномаи шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон ба поён мерасад.

22 ноябр дар шаҳри Венаи Австрия ба ин музокирот, ки дар он Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва Муҳмаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон ширкат доранд, Франк Волтер Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон низ ҳамроҳ шуд ва он нишонаи аҳамияти зиёди ин музокирот арзёбӣ мешавад.

Штайнмайер баъд аз вуруд ба Вена гуфт, бо вуҷуди ин ки дар музокирот холигоҳҳо зиёд аст, “мо дар давоми бештар аз 10 соли гузашта ин қадр ба ҳадаф наздик нашуда будем”.

Ҷон Керрӣ ва Муҳаммад Ҷавод Зариф ба ин хулоса расиданд, ки ҳар ду дар Вена бимонанд ва дар мулоқоти рӯ ба рӯ 22 ноябр ба тавофуқ бирасанд. Ин тавофуқ пеш аз поёни мӯҳлати ниҳоии созишномаи кунунӣ бояд ҳосил шавад.

XS
SM
MD
LG