Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳо аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа


Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа баъди фаъолияти яку ним солааш дубора аз фаъолият боз мондааст ва наздики 200 нафар аз кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст. Ин фурудгоҳ барои даҳҳо муҳоҷири Хатлонӣ муносиб буд ва аз онҷо ба Русия осонтар сафар мекарданд. Ҳоло масъулони фурудгоҳ мегӯянд, ки дар интизори он ҳастанд, ки агар аз “боло” супориш шавад, метавонад парвозҳоро дубора ба роҳ монанд. То кунун аз ин фурудгоҳ ҳафтае беш аз даҳ парвоз ба манотиқи Русия ва дигар шаҳрҳо анҷом мешуд. Дар тобистони соли 2012 низ парвози ҳама гуна ҳавопаймоҳо аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа қатъ карда шуд. Масъулони фурудгоҳ он замон гуфта буданд, ки хатсайрҳои мавҷуда барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ зиёновар, ҳамчунин таъмирталаб будани майдони ҳавоӣ, боиси тавқифи фаъолияти фурудгоҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG