Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои ғайримуқаррарии ҳавопаймоҳои русӣ дар Аврупо


Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ рӯзи 29-уми октябр гуфт, дар муддати 24 соати гузашта «манёврҳои чашмгири низомии» чаҳор гурӯҳи ҳавопаймоҳои низомии Русияро дар қаламравҳои байналмилалии ҳавоӣ ва наздик ба марзи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо "радёбӣ ва мушоҳида кардааст." Фармондеҳии нерӯҳои НАТО дар шаҳри Монс дар Белгия гуфт, «парвозҳои қобили мулоҳизаи ҳавопаймоҳои русӣ, нишондиҳандаи ҳаракатҳои ғайримуқараррӣ дар қаламрави ҳавоии Аврупо аст.» Ба гуфтаи НАТО, ҳавопаймоҳои бомбаандоз, ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои боркаш дар ин манёврҳо ширкат доштаанд. Ин ҳавопаймоҳоро рӯзҳои 28 ва 29-уми октябр дар фазои Баҳри Сиёҳ, Уқёнуси Атлантик ва Баҳри Балтик мушоҳида кардаанд. Ҳавопаймоҳои Русия ҳамчунин то ғарби Португалия ва Испания парвоз кардаанд. Барои радёбии ин ҳавопаймоҳо, ҳавопаймоҳои Бритониё, Португалия, Олмон, Дания ва Туркия ба ҳаво бархостаанд ва ҳамингуна ҳавопаймоҳои Финландия ва Шветсия, ки узви НАТО нестанд. Баъди мудохилаи Русия дар Украина танишҳо миёни НАТО ва Русия бисёр шиддат гирифт.

XS
SM
MD
LG