Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Кобул 4 сарбоз кушта шуд


Муҳаммад Зоҳир Азимӣ
Муҳаммад Зоҳир Азимӣ

21 октябр дар Кобул автобусе аз бами роҳ таркид, ки дар натиҷа 4 сарбоз ба ҳалокат расиданд. Генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ-сухангӯи вазорати дифоъ мегӯяд, ин автобус сарбозонро ба вазорат мебурд.

Ба гуфтаи Азимӣ, 6 сарбози дигар ва 6 ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштаанд ва бами роҳ бо дастгоҳи ҳилоятшаванда тарконда шудааст.

Толибон дар сафҳаи Твиттер масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифтаанд. Дар ҳоле, ки нируҳои эътилофи байналмиллалӣ барои хуруҷ аз Афғонистон омодагӣ мегиранд, Толибон ҳамлаҳои худро бар зидди нируҳои Афғонистон ва НАТО афзоиш додаанд.

XS
SM
MD
LG