Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон ба рӯи занон кислота пошидаанд


Мақомоти Эрон мегӯянд, қазияи ҳамлаҳо бо кислота ва ё туршӣ ба рӯи теъдоде аз занон дар шаҳри таърихии Исфаҳонро таҳқиқ мекунанд. Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи 19-уми октябр аз қавли Ҳусейн Аштарӣ як афсари пулиси Исфаҳон навишт, ки аз чаҳор мавриди пошидани кислота ба рӯи занон дар шарҳ гузориш расидааст. Ба қавли ӯ, муттаҳамон ба ин ҳамлаҳо дастгир шудаанд ва таҳқиқи парванда идома дорад. Ӯ ҷузъиёти дигаре дар ин бора надодааст, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон навиштаанд, ки ба рӯи 13 зани ронанда, ки бо баҳонаи онки “ҳиҷоби муносиб” надоштаанд, кислота пошидаанд. Муҳаммадтақӣ Раҳбар, яке аз рӯҳониёни мӯътабар дар Исфаҳон ҳамлаҳоро маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG