Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба нерӯҳои курд дар Сурия аслиҳа дод


Ситоди марказии фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, ба нерӯҳои курд дар наздикии шаҳри муҳосирашудаи Кубонии Сурия аслиҳаву доруворӣ кӯмак кардааст. Ҳавопаймоҳои Амрико аслиҳаву дорувориро рӯзи 19-уми октябр аз ҳавопаймоҳо ба мавзеъҳои таҳти назари нерӯҳои курд дар наздикии марз бо Туркия партоб кардаанд. Ҳарчанд ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида бо ҳамла ба камингоҳҳои ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ ба нерӯҳои курд кӯмак мекунанд, аммо бори аввал аст, ки ба онҳо аслиҳаву доруворӣ ва дигар лавозимот барои ҷангро партоб кардаанд. Нерӯҳои Амрико рӯзи якшанбе гуфтанд, дар шабона 11 даъфа ба мавзеъҳои ҷангҷӯён дар Сурия ҳамла карда ва ба нерӯҳои курд имкон додааст, ки онҳоро ақиб зананд. Ҷангҷӯён саъй доштаанд, роҳи таъмини нерӯҳои курд аз Туркияро бубанданд. Маркази нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Бритониё қароргоҳ дорад, гуфт, дар ҷангҳои шадиди ду рӯзи гузашта дар шаҳри Кубонӣ 70 ҷангҷӯи Давлати Исломӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG