Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: НАТО ба интихоби шотландиҳо арҷ мегузорад


Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен рӯзи ҷумъа, 19 сентябр, изҳор намуд, ба интихоби шотландиҳо, ки алайҳи истиқлоли Шотландия аз Бритониё раъй доданд, арҷ мегузорад. Бар пояи иттилои ахир, дар ҳамапурсие, ки рӯзи панҷшанбе оид ба истиқлоли Шотландия баргузор шуд, 55,3 дар сади мардуми соҳиби ҳаққи раъй алайҳи аз ҳайати Бритониёи Кабир берун шудани Шотландия овоз доданд. 44,7 дар сади аз истиқлоли Шотландия пуштибонӣ кардаанд.

Паймони НАТО аз он нигарон буд, ки берун шудани Штғотландия аз ҳайати Бритониё боиси заъиф шудани Паймон мегардад, зеро бештари киштиҳои зериобии НАТО дар Шотландия ҷойгиранд. Раиси Парлумони Аврупо Мартин Шултс изҳор намуд, ки баъд аз шунидани натиҷаҳои ҳамапурсӣ худро сабуктар эҳсос кард.

Рӯзи ҷумъа Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё, аз натоиҷи ҳамапурсӣ оид ба истиқлоли Шотландия истиқбол кард. Ӯ гуфт, ки Шотландия аз имтиёзҳои бештар дар ҳайати Бритониёи Кабир бархӯрдор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG