Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми ҷаҳонии зӯрхонаӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад


Федератсияи ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ эълон кард, ки Ҷоми ҷаҳонии ин намуди варзиш дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ин мусобиқа аз 23 то 28 марти соли ҷорӣ дар зӯрхонаи "Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ"-и пойтахт ҷараён хоҳад гирифт.

Маҷмаи умумии Федератсияи ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ мегӯяд, Тоҷикистон мизбони Ҷоми ҷаҳонии ин навъи варзиш эълон шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, ин мусобиқа аз 23 то 28 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин сабқат 14 дастаи комил барои ширкат дар мусобиқоти варзишҳои зӯрхонаӣ ва 24 кишвар барои ширкат дар мусобиқоти гӯштии паҳлавонӣ, ҳузур хоҳанд дошт.

Ин мусобиқаҳо дар маҷмаи зӯрхонаии "Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ"-и шаҳри Душанбе, баргузор мешавад. Ҳамзамон бо баргузории ин мусобиқа, нишасти Маҷмаи умумии Федератсияи ҷаҳонии варзишҳои зӯрхонаӣ бо ширкати намояндагони 80 кишвар дар Душанбе доир мешавад.

Зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» дар шаҳри Душанбе дар моҳи июни соли 2005 ифтитоҳ ва бо 400 ҳазор доллар кумаки Эрон сохта шудааст. Дар маросими ифтитоҳи зӯрхонаи «Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе мақомоти олирутбаи Эрону Тоҷикистон, аз ҷумла ноиби раиси ҷумҳури вақти Эрон ва раҳбари Созмони тарбияи бадани он кишвар Мӯҳсини Меҳрализода ширкат карда буданд.

Коршиносон мегӯянд, зӯрхона ин ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги мардуми Эронзамаин аст ва ҷавононро бо ҳуввияти миллиашон бештар ошно мекунад ва онҳо на танҳо аз назари ҷисмӣ, балки аз назари фикрӣ ҳам рушд хоҳанд кард, ки ба умедвории ҷавонон аз оянда таъсир хоҳад кард.

Дар зӯрхона зери навои мусиқӣ ва истифода аз асбобҳои қадимаи варзишӣ машқҳои вижае иҷро мешавад, ки аз се бахш иборат аст. Нахуст, варзишгар ба тахтачаи вижа дастонашро мустаҳкам мекунад ва дар фарш ба ҳар тараф тоб мехӯрад ва ҷисмашро болою пойин мекунад.

Баъдан, гурзҳои чӯбини гуногунвазнро ба гирди сар чарх мегардонад ва бо ҳамин ба китфу бозувонашон таъсир мерасонад. Ҳамчунин, камонҳои оҳанини ҳалқачаҳои хурд доштаро ба болои сарашон мебардоранд ва бо ҳисоби таблнавоз ва ё сароянда онро ба ҳар тараф такон медиҳанд, ки ба садои табл ҳамнаво мешавад. Қисмати ниҳоии машқи зурхона ин пой задан ва бо суръати баланд чархидан будаст.

XS
SM
MD
LG