Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зумба" ба Афғонистон ҳам расид


Дар солҳои навадуми қарни гузашта Афғонистон зери тасарруфи Толибон қарор дошт ва ин ҷунбиши ифротии исломӣ мусиқӣ, телевизион, варзиш ва рақсро манъ кард.

Баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон дар охирҳои соли 2001-ум, вазъи Афғонистон оҳиста-оҳиста тағйир меёбад ва имрӯз дар ин кишвар чандин шабакаи телевизионӣ, варзишгоҳҳо ва толорҳои рақсу оҳанг фаъол шуданд. Вале ҳанӯз ҳам ба ваҷҳи умум ҷомеаи афғон муҳофизакор асту занони зиёде симои худро паси бурқа пинҳон мекунанд.

Як гурӯҳи хонумҳои фаъоли афғон мегӯянд, муҳофизакории ҷомеа садди роҳи рушди онҳо буда наметавонанд. Онҳо дар як толори варзишии Кобул ҳиҷоб дар сар дар рақси зумбаро озмоиш мекунанд. Зумба, ки аз рақсҳои асили мардуми Амрикои ҷанубӣ сарчашма мегирад, ҳоло дар саросари дунё машҳур буда, ду моҳ пеш то Кобул ҳам расидааст.

Хонумҳо ба наворе дар телевизион пайравӣ карда, ҳаракатҳои устодони ин намудаи рақсро такрор менамоянд. Мураббии зумба хонум Отино Муҳаммадӣ мегӯяд, ин навъи рақс ба хонумҳои афғон маъқул шудаст ва одатан касе ба ин ҷо омад, рӯзи дигар як нафари дигарро ҳам бо худ ба ин ҷо меорад.

Ба ақидаи хонум Отино вақте табиб ба беморон ҳаракати бештар машварат медиҳад, ин намуди варзиш шояд беҳтарин бошад. Хонуми 18-сола Мижгон Аҳмадӣ тамрини зумбаро барои сиҳатӣ ҷисмониву равонӣ муҳим мешуморад. Мижгон хушҳол аст, ки дар варзишгоҳ амнияти онҳо таъмин мебошад. Ба қавли ин хонуми афғон, варзишу рақс барои барқарор намудани хастагӣ аз ҷангу нооромиҳои ахири ин кишвар кӯмак мекунад.

Зумба ба хонумҳои афғон писанд омадааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

XS
SM
MD
LG