Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Норак ба баррасии парвандаи худкушии Зӯҳро Маҳмуродова бо чор кӯдакаш оғоз кардааст. Як манбаъ дар Раёсати тафтишоти пешакии Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ хоҳаршӯи ҳамагӣ 17-солаи Зӯҳро Маҳмуродова нишастааст. Дар ҳоли ҳозир аз ӯ танҳо М.Х. ном бурда мешавад.

Зӯҳро Маҳмуродова, сокини шаҳри Норак, рӯзи 5-уми феврали соли ҷорӣ худро бо чор фарзанди ноболиғ ба рӯдхонаи Вахш партофт. Манбаъ дар Додситонии кулл гуфт, хоҳаршӯи ноболиғи Зӯҳро бар асоси моддаи 109, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ба худкушӣ расондан" айбдор дониста мешавад.

Гуфтем, ки дигар ҳаволааш ба Худо. Чӣ коре, ки қонун мехоҳад, ҳамон шавад.

"Тафтишот маълум кард, ки ноболиғ М.Х. бо ҳаракату гуфторҳои худ сабаби худкушии зани бародараш шудааст," - афзуд ин мусоҳиби мо дар Додситонии кулли Тоҷикистон.

Наздикони ин ноболиғ аз сӯҳбат дар бораи ҳодиса худдорӣ карда ва ҳатто нагуфтанд, ки ин иттиҳом нисбат ба духтари ноболиғашон то куҷо ҳақиқат дорад? Аммо Маҳмадшариф Маҳмуродов, падари Зӯҳро, рӯзи 12-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ иштирок кард. Ӯ гуфт, ин духтари ноболиғ даруни панҷара нигаҳдорӣ мешуд ва, ба қавли ӯ, гӯё тамоми иттиҳомро бар дӯш гирифтааст.

"Духтарак худро гунаҳкор медонист. Гуфт, ки барои гарданбанду ороишоти дигар ҳамроҳи янгааш ҷанг кардааст. Тамоми ҷангу ҳақоратҳояшро нақл кард. Аз мо назарамонро пурсиданд. Гуфтем, ки дигар ҳаволааш бар Худо. Чӣ коре, ки қонун мехоҳад, ҳамон шавад. Агар мо мефаҳмидем, ки духтарамон ин қадар азоб мекашад ва хоҳаршӯяш ӯро таҳқир мекунад, дар он хона зистан намемондем," – гуфт Маҳмуродов.

Падари Зӯҳро мегӯяд, ноболиғе, ки барои ба худкушӣ расондани духтараш дар курсии айбдорӣ нишастааст, дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ намешавад ва пас аз мурофиаҳо раҳо шуда, ба хонаашон бармегардад. Мақомот дар посух ба ин суол гуфтанд, ки бо далели ноболиғ будан ва хатар надоштани айбдоршаванда ба ҷамъият то замони содир шудани ҳукм ӯ дар озодӣ хоҳад буд.

Зӯҳро Маҳмуродова, зани 25-сола аз деҳаи Дӯстии шаҳри Норак, баъд аз зуҳри 5-уми феврали соли ҷорӣ бо фарзандони хурдсоли худ Кибриёву Хадиҷаи дусола ва Маърифату Рафоат, ки яке шашсола ва дигарӣ хурдтар будааст, худро аз болои пуле дар маркази Норак ба дарёи Вахш андохт. Хонаводаи шавҳари Зӯҳро қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки нисбат ба арӯсашон ҳеч бадие раво надидаанд.

Шарофат Одилова, модарарӯси Зӯҳро, ки дар нерӯгоҳи Норак ба ҳайси фаррош кор мекунад, дар сӯҳбат бо Озодӣ он замон гуфта буд: "Аз субҳ то шом ману шавҳарам дар кор ҳастем. Хона дар ихтиёри келинам буд. Субҳ маро аз хоб хезонд, чой дам кард. Ҳар саҳар ба ӯ таъкид мекардам, ки кӯдаконро хуб нигоҳ кун. Дар хонаи мо на гапи бад ва на абрӯи гирифта буд. Коре намекард, ки боис ба қаҳру муноқиша шавад."

Шарофат Одилова

Шарофат Одилова

Тайи як соли охир чанд ҳодисаи худкушии занон бо фарзандонашон сурат гирифт, ки ҳам ҷомеа ва ҳам мақомоти Тоҷикистонро нигарон кард. Моҳи сентябри соли гузашта Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш худро ба дарё андохт. Модар наҷот ёфт, вале 3 фарзандаш ҷони худро аз даст доданд. Дар моҳи июли соли гузашта низ сокини Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт, ки дар натиҷа кӯдаконаш фавт карданд ва худаш зинда монд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар парвандаҳои худкушии ин занон омадааст онҳо зиндагии пурмашаққате доштаанд ва ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар пайи муноқиша бо ҳамсарони худ дучори афсурдагӣ шуда бошанд. Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 160 ҳодисаи худкушии занонро саб кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан камтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG