Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Марк Зукерберг: "Ҳама бояд “Муқаддима”-ро хонанд"


Муқоваи "Муқаддима"-и Ибни Халдун

Муқоваи "Муқаддима"-и Ибни Халдун

Мудири кулли Facebook Марк Зукерберг дар қатори китобҳои муҳим ба ҷомеаи фейсбукиён тавсия дод, рисолаи “Муққадима”-и таърихнигор ва мутафаккири араб Ибни Халдунро бихонанд.

Барои баҳсу баррасӣ дар маҳфили дӯстони худ ва ҳамчун бахше аз ташаббуси “2015 -- соли китоб”, ки Марк Зукерберг барои худ муқаррар карда, ҳадаф дорад, ки ҳар ду ҳафта як китоби муҳимро мутолиа кунад, ин бор на аз асарҳои муосир, балки рисолаи садаи 14-и милодӣ – асари Абузайд Абдурраҳмон ибн Муҳаммад Ал-Хазрамӣ ё Ибни Халдун – "Ал-муқаддима фи фазли илм ит-таърих" ё "Муқаддима"-ро тавсия додааст.

“Муқаддима”, ки аз тарафи Ибни Халдун дар соли 1377 навишта шудааст, яке аз нахустин талошҳои поккории илми таърих аз газофҳо ва дарёфти роҳҳои асоси пешрафти аҳли башар аст. Ақидаҳои инқилобии Ибни Халдун бархӯрди илмии ӯ ба таърих ӯро ба яке аз поягузорони ҷомеашиносӣ ва таърихнигории муосир табдил додаанд.

«Муқаддима» аз пажӯҳиши маънои таърих ва танқиди иштибоҳҳои таърихнигорӣ, тасвири ҷуғрофиёи кураи замин ва таъсири макону иқлим ба одамон, роҳҳои дарёфти ҳақиқат ва ташаккули ҳаёти оилавӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, рушди фикрӣ ва иқтисодӣ, фурӯпошии давлатҳо, аҳамияти заҳмат барои беҳбуди ҳукумат, нигоҳе ба риштаҳои гуногуни касбу ҳунар ва тақсимбандии илмҳо иборат аст.

Зукерберг дар сафҳаи Фейсбукии худ интихоби “Муқаддима”-ро ин гуна шарҳ додааст:

“Ин таърихи ҷаҳон аст, ки аз тарафи як мутафаккири солҳои 1300 навишта шудааст. Он ба ҷараёни ҷомеа ва фарҳанг, аз ҷумла бунёди шаҳрҳо, сиёсат, тиҷорат ва илм тамаркуз мекунад. Ҳарчанд бисёре аз боварҳои он замона баъд аз 700 соли пешрафт рад шудаанд, ҳамоно ҷолиб аст, дида шавад, ки он вақт ҷаҳонбинӣ ва фаҳми ҷаҳон ҳама дар якҷоягӣ чӣ гуна буд.”

Бахши умдаи китобҳое, ки Зукерберг барои хондан ва баҳс кардан бармегузинад, аз зовияи ҷомеашиносӣ ба масъалаи эҷоди соҳа ва фазо менигаранд ва зоҳиран, ба зуҳури андеша ва ғояҳои нави ӯ ва шариконаш мадад мекунанд. Дар ин байн бори аввал аст, ки ӯ як китоби олими мусулмонро барои хондан ба ҳамагон тавсия мекунад.

XS
SM
MD
LG