Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: "Изҳороти Раҳматилло Зоиров беасос аст"


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти ахири Раҳматилло Зоиров, раиси ҲУСД Тоҷикистонро дар мавриди таъқибу фишори афроди наздик вай аз ҷониби кормандони милиса, беасос донистаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи сешанбеи 12--уми март дар суҳбат бо «Озодӣ», гуфт, ки баёнияи ахири Раҳматилло Зоиров мавриди санҷиш қарор гирифт ва далелҳои овардаи ӯ исбот нашуданд:

“Мо изҳороти нашр кардаи Зоировро санҷидем, вале маълум шуд, ки бо номи Бахтиёр Сафаров Вазорати корҳои дохилӣ корманд ва ё муфаттиш надорад. Ҳамчунин дар дафтари қайдҳои нафарони пурсидашуда низ он одамҳое, ки дар изҳорот оварда шудаанд, сабт карда нашудаанд. Ин гуна шаҳрвандонро мо мавриди пурсиш қарор надодем.”

Ҷаноби Асадуллоев афзуд, ки санҷиши гузаронидаи онҳо беасос будани изҳороти Зоировро исбот кард.

ЗОИРОВ: ВКД ХУДРО САФЕД КАРДАНӢ АСТ"

Аммо Раҳматилло Зоиров дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мехоҳад "бо ҳар роҳ" аз шарҳи изҳороти ахири вай роҳи халосӣ ҷӯяд ва, "ВКД худро сафед карданӣ аст". Дар ҳоле ки, ба таъкиди Зоиров, изҳороти вай воқеӣ буд ва ҳамаи далелҳои овардааш ҷой доштанд.


Ҳафтаи гузашта Раҳматилло Зоиров бо пахши як изҳорот гуфта буд, ки мақомот, бахусус ниҳодҳои интизомӣ, талош доранд, бо ҳар роҳ ба ӯ ва наздикону ҳамкоронаш фишор оранд. Ба иддаои Раҳматилло Зоиров, дар таърихи 17-уми феврали соли равон кормандони милиса маҳали зист ва телефонҳои ҳамкорону ҳамсояҳои собиқашро (аз 1992-1993 то кунун) мушаххас карда, аз онҳо хостаанд, ки алайҳи вай ба мақомот шикоят баранд.

Раиси сотсиал-демократҳои Тоҷикистон дар ин изҳорот аз Бахтиёр Сафаров ва Заррина, кормандони ВКД, ном бурда буд, ки онҳо шаҳрвандон Сапарова У. ва Сапаров Ю, сокинони шаҳри Душанберо ба Вазорати корҳои дохилӣ оварда, гӯё аз онҳо талаб кардаанд, ки аз болои Раҳматилло Зоиров ариза нависанд:

“Ин одамон солҳои қабл ба ман бинобар нопадид шудани апаашон, ё бародарашон муроҷиат карда буданд ва ман ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонида будам. Бо бархешон ҳамсоя ҳам будем. Ҳамин одамонро ба вазорати корҳои дохилӣ даъват карда аз онҳо хостаанд, бар зидди ман ба маънои он, ки ман ҳам дар нопадид шудани наздикони онҳо даст дорам, ариза нависанд.”

Ҷаноби Зоиров афзуд, ки ин афрод аз навиштани ариза бар зидди шахси ӯ даст кашидаанд, вале мақомот аз онҳо талаб кардаанд, ки дар мавриди даъват шуданашон ба пулис, ба Зоиров хабар надиҳанд.

Ба иддаои Зоиров, ӯ хабари мавриди бозпурсӣ қарор гирифтани ошноҳои қаблиашро на аз худи онҳо, балки аз афроди савуму чаҳорум фаҳмида, ба назди онҳо рафтааст. Танҳо дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ ин афрод иқрор шудаанд, ки воқеан аз ҷониби пулис мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

АНГЕЗА ҲАМЛАИ АЛАЙҲИ ЗОИРОВ ЧИСТ?

Зоиров иброз дошт, ки ин кӯшишҳо барои пайдо кардани баҳонае сурат мегиранд, то бар пояи он ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ё маъмурӣ кашонанд. Ин талошҳо, ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, пас аз он оғоз шуданд, ки “Ҷунбиши миллӣ” ӯро номзади ягонаи мухолифон дар интихоботи президентӣ эълон кард.

Як сокини шаҳри Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад ва дар маҳаллаи “Автовокзал” зиндагӣ мекунад дар сӯҳбат бо мо гуфт, воқеан аз ҷониби кормандони милиса мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, аз ӯ дархост шудааст, ки муқобили Зоиров аризаи шикоятӣ нависад.

Ба гуфтаи вай, кормандони милиса ӯро бо мошин аз хонааш ба милисахона бурда бозпурсӣ кардаанд. Вале ӯ аз навиштани чунин ариза даст кашидааст ва як корманди милиса бо номи Бахтиёр Сафаров бо додани рақами телефонҳояш ба гуфтааст, ки ҳар гоҳе андешаи навиштани ариза алайҳи Зоировро кунад метавонад, бо ин рақамҳо бо вай дар тамос шавад.

Ин сокини Душанбе афзуд, ки намехоҳад, ба сиёсат ҳамроҳ шавад ва додани иттилои бештар дар мавриди ин бозпурсӣ худдорӣ кард. Талошҳои мо барои пайдо кардани шахсе бо номи Бахтиёр Сафаровро натиҷа надоданд. Дар шӯъбаи милиса низ мавҷудияти кормандеро бо ин ном қатъиян рад карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG