Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сел ба Тоҷикистон беш аз 600 млн сомонӣ зиён овардааст


Истиқоматгоҳи муваққатии зарардидагони офати табии дар Шуғнон.

Истиқоматгоҳи муваққатии зарардидагони офати табии дар Шуғнон.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми зарари ворида аз офатҳои табиӣ як моҳи ахир дар шарқи кишварро беш аз 600 миллион сомонӣ эълон кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди сафари чаҳоррӯза ба вилояти Бадахшон, субҳи чаҳоршанбеи 5 август ҷаласаи васеи ҳукуматро баргузор кард ва дар бораи ҳарчӣ зудтар бартараф кардани паёмадҳои офатҳои табиӣ, дастур дод. Дар ин нишаст ҳаҷми зиёни ворида бар асари офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон ва Рашту Тоҷикобод беш аз 600 миллион сомонӣ бароварда шудааст.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфтааст, ки "ҳар як сокини зарардида, аз кӯдак то калонсол, бо сару либоси тобистонаву зимистона ва ҳар як оила бо тамоми номгӯи асбоби рӯзгор, ҷиҳози хона, яхдону телевизор, гилему курпача, асбоби ошхона то риштаву сӯзан бояд таъмин карда мешавад."

Ҳамчунин дар ин нишаст қарор шудааст, ки ҳар як оилаи зарардида ба мӯҳлати то шаш моҳ бо маводи ғизоӣ ва дар фасли зимистони дарпешистода бо ангишт ва асбобу таҷҳизоти гармидиҳанда таъмин карда шавад.

Манбаъ мегӯяд, ки бо назардошти оғози соли нави таҳсил ба мақомот маорифи кишвар дастур дода шудаст, ки фарзандони хонаводаҳои осебдидаро бо заруриёти дарсӣ, сару либоси мактабӣ ва дигар шароити мусоиди таҳсил, саривақт таъмин намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо сафари чаҳоррӯза ба Бадахшон рафта буд, ки тайи ҳафтаҳои ахир бар асари омадани сел дар ин минтақа даҳҳо манзили сокинон хароб ва ҳафт тан ҳалок шудаанд. Аз ҷумла сел дар Шуғнону Ванҷу Дарвоз даҳҳо манзил, роҳҳои мошингузар, хатҳои интиқоли нерӯи барқро хароб карда, боис ба ҳалокати ҳафт нафар дар Ванҷу Шуғнон шуд.

Мақомоти тоҷик қаблан ҳам эълон карда буданд, ки дар маҷмӯъ хисороти сел дар Бадахшон ва Рашту Хатлону Суғд ба тақрибан сад миллион доллар мерасад ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз созмону кишварҳои хориҷӣ расман даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ ёрӣ кунанд.

"Тоҷикистон дар доираи имкониятҳояш тамоми чораҳоро барои кӯмак ба осебдидагону бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад ва ҳамзамон умед дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт ёрӣ хоҳанд кард," -- гуфта шудааст дар муроҷиати Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар пайи ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз сокинон, бахусус афроди тавоно барои селзадагон ёрӣ хост, аммо гуфт, ин кумак бояд аз сидқи дил бошад, на иҷборӣ. То кунун Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва аъзои дигари ин палатаи парлумони Тоҷикистон гуфтаанд, ки маоши якмоҳаи худро ба осебдидагони сел хоҳанд супурд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинон, аз ҷумла зоирони Ҳаҷ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфтанд, ки мақомоти ин ноҳия аз онҳо хостаанд, аввал ҳар кадомашон 1200 сомонӣ ба афроди осебдида кумак карда, сипас санади сафари Ҳаҷро дарёфт хоҳанд кард. Аммо ба дунбол Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ изҳор дошт, ки чунин даъво асос надорад ва афзуд, “ҳеч кас ҳақ надорад, ки иҷборӣ аз зоирони Хонаи Худо маблағ биситонад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG