Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки аввалин ҳодисаи сирояти вируси Zika дар қаламрави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташхис шудааст.

Аввалин ҳодисаи сирояти вируси Zika дар қаламрави ИМА ташхис шуд. Рӯзи сешанбе Захари Томсон, масъули бахши беҳдошт ва захираҳои башарии минтақаи Далласи аёлати Тексас гуфт, ки зоҳиран вирус ба воситаи равобити ҷинсӣ сироят кардааст: “Ин ҳодиса қоидаи бозиро тағйир медиҳад. Мо дар бораи вирусе сӯҳбат мекунем, ки тавассути равобити ҷинсӣ сироят мекунад. Сарчашмаи нигаронии мо ин ҷост, ки 80 дарсади мардуми сироятшуда ҳеҷ нишонии ангезаи Zika-ро эҳсос намекунанд.”

Мансабдори амрикоӣ гуфт, нафари гирифтор ахиран ба Венесуэлла сафар карда, дар он ҷо равобити ҷинсӣ доштааст. Имрӯз ҳодисаҳои сирояти Zika, ки ба ваҷҳи умум бо газидани хомӯшаки Aedes aegypti сироят мекунад, ба аксари кишварҳои Амрикои Лотинӣ сироят намудааст.

Дар ибтидо вируси Zika боиси бемории ҳазорҳо тифли навзоди Бразилия шуда буд. Рӯзи сешанбе Созмони ҷаҳонии беҳдошт вазъро нигаронкунанда унвон дода, таъкид кард, ки вируси Zika метавонад ба мамолики Осиё ва Африқо низ сироят кунад.

Вируси Zika-ро асосан хомӯшак ё худ москитҳо бо неши худ паҳн мекунанд. Донишмадон тахмин мекунанд, ки ин ангеза бо рушди бемории микросефалия ҳангоми ҳамли кӯдак иртибот дорад ва феълан танҳо дар Бразилия дар давоми чанд моҳи гузашта то яку ним миллион нафар гирифтори Zika шудаанд.

Сухангӯи Созмони ҷаҳонии беҳдошт Кристиан Линдмейер мегӯяд, ки вазъ фавқулода асту ба аксуламали фаврӣ ниёз дорад: “Феълан танҳо дар Бразилия мо шоҳиди наздик ба 4 ҳазор қазияи микросефалия ҳастем. Ҳангоми гирифтори бо микросефалия, сари кӯдак хеле хурд боқӣ мемонад. Баробар бо он, мағзи сари кӯдак рушд намекунад. Бисёре аз чунин кӯдакон бо мағзи сари мурда ба дунё меоянд, ё баъди таваллуд вафот мекунанд ва шумори хурде аз онҳо тавре мебинем дар вазъи ногувор қарор доранд.”

Шаҳрванди Португалия Глейс Келли тифлашро бо микросефалия ба дунё оварда, умед дорад, ки ӯро наҷот медиҳад: “Чанде зудтар мо табобати кӯдакро оғоз кунем, ҳамон қадар беҳтар аст. Онҳо ин табобатро барангезиш меноманд. Мо намедонем, ки ин раванд чӣ гуна аст ва рушди минбаъдаи ӯ чӣ гуна хоҳад буд?”

Мақомоти Португалия мегӯянд, ки панҷ шаҳрванди ин кишвар баъди сафар ба Бразилия гирифтори Zika шудаанд.

Аз 5-ум то 21-уми августи соли равон дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразилия Бозиҳои тобистонаи олимпӣ доир хоҳанд шуд. Мақомоти ин кишвар ба занони ҳомила машварат додаанд, ки ба тамошои олимпиада наоянд.

Ташкилкунандагони бозиҳои олимпии Бразилиябовар доранд, ки моҳи август сирояти Zika коҳиш меёбад, зеро он замон дар нимкурраи ҷанубӣ фасли зимистон фаро расида, шумораи хомӯшакҳои хатарнок ҳам коҳиш меёбад. Дар ҷараёни Бозиҳои олимпӣ Кумитаи байналмилалии олимпӣ низ як идда чорабиниҳои зидди тавсеаи вируси Zika-ро мадди назар гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG