Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский Горбачевро ба маҳкама кашид


Имрӯз додгоҳи ноҳияи Тимирязевскийи шаҳри Маскав баррасии даъвои Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русияро алайҳи Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури собиқи Иттиҳоди Шӯравиро идома медиҳад.

Рӯзи чаҳоршанбеи 2 декабр додгоҳи ноҳияи Тимирязевскийи шаҳри Маскав баррасии даъвои Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русияро алайҳи Михаил Горбачев, раиси ҷумҳури собиқи Иттиҳоди Шӯравиро идома медиҳад.

Бино ба иттилои хабаргузории "Интерфакс"-и Русия, оқои Жириновский ба хотири дифоъ аз шараф, ҳайсият ва эътибори худу ҳизбаш аз Михаил Горбачев ва нашриёти “Весь мир”, ки китоби ӯро мунташир кардааст, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ҷаласаи қаблии додгоҳ бо дархости муддаӣ, ки ба зарурати фурсат барои ошноӣ ба аснод таъкид карда буд, ба таъхир афтод.

Додгоҳ аз ҷонибҳои даъват кардааст, ки дар ҷаласаи додгоҳ барои пуштибонӣ аз мавқеи худ далоил пешниҳод кунанд. Дар назар аст, имрӯз, 2 декабр, додгоҳ баррасии ин қазияро анҷом диҳад.

Владимир Жириновский тақозо дорад, ки иддаоҳои Михаил Горбачев дар китоби “После Кремля” (Пас аз Кремл) рад шуда, муаллиф ва нашриёти “Весь мир” барои ворид кардани зарари равонӣ ба ӯ, ба миқдори 500 ҳазор рубл қаромат пардохт кунанд.

Зимнан, Владимир Жириновский аз ибрози назари раиси ҷумҳури нахустини Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавриди сӯҳбатҳои тобиши тундравидоштаи раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия дар интихоботи парлумонии соли 1993 дар ин кишвар нороҳат шудааст. Ҳамчунин, Михаил Горбачев иддао кардааст, ки дар ҳамла ба ӯ дар шаҳри Омск дар соли 1996, аъзои Ҳизби либерал-демократи Русия ширкат доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи нашриёти “Весь мир” гуфтааст, ки ибрози назарҳои ҷаноби Горбачев дар китобаш ба таври баҳодиҳӣ ба ҳаводис сурат гирифтааст. Ҳуқуқшиноси Михаил Горбачев ба навбати худ дар додгоҳ гуфт, ки талоши ҷаноби Жириновский барои собит кардани ифротӣ набудани сӯҳбатҳояш, ӯро ба тааҷҷуб овардааст.

Михаил Горбачев аз моҳи марти соли 1985 раҳбарии Ҳизби ҳокими коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро ба ӯҳда гирифт. Пас аз ба қудрат расидан, ӯ барномаи ислоҳот дар қаламрави ин кишвар, ки бо номи "перестройка" ё бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ машҳур мебошанд, роҳандозӣ кард.

Дар замони раҳбарии Михаил Горбачёв Иттиҳоди Шӯравӣ суқут кард. Михаил Горбачев аввалин ва охирин президенти ин абадқудрати вақт буд. Бештарин мунтақидон дар Русия Михаил Горбачёвро масъули суқути Шӯравӣ медонанд. Ҳарчанд Владимитр Путин, раиси ҷумҳури Русия фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро як фоҷиаи қарни бистум медонад, аммо расман Михаил Горбачёвро аз омилони суқути Шӯравии пешин ном набурдааст.

XS
SM
MD
LG