Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

З.Давлатзода: "Дар "Сафина" рӯйхати сиёҳ мавҷуд нест"


Масъулони телевизионии “Сафина” мегӯянд, ки дар ин шабака “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад ва барои ҳамаи овозхонҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ, бидуни табъиз минбар дода мешавад.

Масъулони телевизионии “Сафина” мегӯянд, ки дар ин шабака “рӯйхати сиёҳ” вуҷуд надорад ва барои ҳамаи овозхонҳо ва чеҳраҳои сиёсӣ, бидуни табъиз минбар дода мешавад. Зевар Давлатова, раҳбари тозатаъйини шабакаи телевизионии “Сафина” рӯзи 8 июл зимни нишасти хабарӣ сару садоҳо дар мавриди вуҷуди рӯйхати сиёҳ дар ин шабакаро, ки гӯё бархе овозхонҳо ва шахсиятҳоро аз роҳ ёфтан ба ин шабака манъ мекунад, радд кард. Хонум Давлатова гуфт, ки тоза ба ин мақом таъйин шудааст ва аз вуҷуди чунин рӯйхат хабаре надорад.

Раиси “Сафина” ҳамзамон гуфт, ки озмуни “Ҷило” бинобар ба тавофуқ нарасидан бо муаллифи тарҳ Ҳабиба Даминова, мутаваққиф шудааст ва ба ҷои он тарҳҳои дигарро роҳандозӣ хоҳанд кард. Озмуни "Ҷило" чаҳор сол пеш аз тарафи телевизиони давлатии «Сафина» барои кормандонаш таъсис ёфта, баъдан аз тарафи ҳамин шабака ба он мақоми байналмилалӣ доданд. Дар озмуни ахири "Ҷило" бархе аз ҳунармандони саршиноси форсизабон ширкат карда буданд.

Раиси телевизиони "Сафина" дар ин нишаст дар мавриди бозгардонидани бархе аз кормандони пешини ин шабака, ки онро тарк карда буданд, гуфт, ки Орзу Исоев, ситораҳои пешини ин шабака омодагии худро барои ҳамкорӣ эълон кардааст ва Талабшоҳ Муқимов бинобар надоштани дипломи донишгоҳӣ, аз кор дар ин шабака манъ шудааст.

Телевизиони Сафина ҷой доштани "рӯйхати сиёҳ"-ро рад мекунад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

XS
SM
MD
LG