Пайвандҳои дастрасӣ

Зарина Тоҷибоева: Мубориза барои Eurovision "як таҷрибаи хубест". ВИДЕО


Зарина Тоҷибоева

Зарина Тоҷибоева

Гурӯҳи доварони озмуни байналмиллалии Eurovision дар Швейтсария ба Зарина Тоҷибоева, ҳунарманди тоҷики муқими ин кишвар хабар додаанд, ки вай ба даври баъдии озмун роҳ наёфт.

Гурӯҳи доварони озмуни байналмиллалии Eurovision дар Швейтсария ба Зарина Тоҷибоева, ҳунарманди тоҷики муқими ин кишвар хабар додаанд, ки вай ба даври баъдии озмун роҳ наёфт. Аз миёни 200 нафар танҳо 9 нафар ҳунармандон муборизаи худро дар бахши швейсарии озмун идома медиҳанд. Дар ин кишвари аврупоӣ озмун бештар аз як моҳ ба ин сӯ идома дорад ва мухлисон танҳо 2 ҳафта метавонистанд ба ҷонибдорӣ аз овозхони мавриди назари худ раъй диҳанд. Райдиҳӣ 17 ноябр ба поён расид ва натиҷаҳои даври аввали озмун 25 ноябр ҷамъбаст ва расман эълон шуд.

Дар давоми ин рӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет, ба вижа дар Фейсбук ҳаводорони зиёди Зарина интизори натиҷаҳои озмун буданд. Барои нахустин бор як тоҷикдухтари муқими Швейтсария дар чунин озмуни аврупоӣ ширкат дошт. Таронае, ки вай ба озмун пешкаш кард, “We fly”, яъне “Мо парвоз мекунем” ном дошт.

Зарина аз шаҳри Тсюрих дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин натиҷа вайро дилсард накардааст ва вай дар осмони ҳунари овозхонӣ “дубора парвоз хоҳад кард”. Чун ин парвози нахустин буд, акнун ӯ бо назардошти он ва бо таҷрибаи бештар ба озмунҳои оянда омода хоҳад шуд. Вай мегӯяд: “Ман ҳеҷ гуна эҳсоси нороҳативу ғам надорам, барои он ки аз аввал ҳам ин ширкати ман бо дили боз барои андӯхтани таҷриба буд. Ба унвони як духтари тоҷик хостам худро дар ин озмун чун таҷрибаи ҷадид бисанҷам. Барои ҳамин худи таҷриба ба ман муҳим буд. Ман интизороти зиёде надоштам. Ҳамеша, вақте ки як корро анҷом медиҳӣ, як умеде дорӣ. Вале ин тавр нест, ки ман дигар нороҳат ҳастам. Ман ҳамеша ин тавр фикр мекунам, ки “агар як дар баста шавад, даҳ дари дигар боз хоҳад шуд”.

Ҳаводорони Зарина дар рӯзҳои аввали озмун ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, ки барои як духтари суннатӣ, ки аз Тоҷикистон ба Швейтсария рафта дар муддати кӯтоҳ барои ширкат аз ҷониби ин кишвар дар Eurovision талош кардааст, худ як комёбии зиёд аст. Зарина мегӯяд, 9 нафаре, ки ба даври баъдии озмун роҳ ёфтанд, дар ҷаҳони шоу-бизнеси Швейтсария афроди машҳур мебошанд ва онҳоро ҳайати доварон низ хуб мешиносанд. Онҳо дар ҷомеаи ин кишвар ном баровардаанд. Масалан, яке аз онҳое, ки ба даври дигар роҳ ёфт, ҷавондухтари ҳунармандест, ки чун садои шумораи яки ин кишвар шинохта мешавад. Вале Зарина мегӯяд, ки қадамҳои нахустинро дар ҷодаи ҳунари ин кишвар мебардорад ва бо ширкат дар озмуни Eurovision барои худ дар олами ҳунари ин кишвар акнун ҷойгоҳ дуруст кардааст.

Зарина Тоҷибоева аслан дар як гурӯҳи мусиқиҳои суннатӣ дар Тсюрих фаъолият мекунад ва бештар таронаҳои суннатии тоҷикиро мехонад. Вай мегӯяд, ҳар гоҳ, ки рӯи саҳна меояд, қабл аз иҷро ҳаводорони шветсариро бо мазмуни таронаҳояш ошно мекунад. Овозхонӣ шуғли аслии Зарина нест ва чун чанд забонро аз худ кардааст, аслан корҳои тарҷумониро анҷом медиҳад. Зарина мегӯяд, дар давоми ин рӯзҳо, ки мунтазири натиҷаҳои озмун буд, таваҷҷуҳи ҳамватанонашро аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар тавассути шабакаҳои иҷтимоии Интернет эҳсос мекард ва бо арзи сипос ба ин таваҷҷуҳ гуфт, ки ҳамин таваҷҷуҳ сабаб шуд, то вайро дар Тоҷикистон низ чун овозхони тоҷиктабори Швейтсария бишносанд.

Сӯҳбати ихтисосии Зарина Тоҷибоева бо радиои Озодӣ аз рӯзи 4 ноябр:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG