Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYT: Ба Кохи сафед лағви таҳримҳои зидди Русия пешниҳод шудааст


Майкл Флин - собиқ мушовири амнияти милии Кохи Сафед. 13 феврали соли 2017.
Майкл Флин - собиқ мушовири амнияти милии Кохи Сафед. 13 феврали соли 2017.

Як ҳафта пеш аз истеъфояш ёвари президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Майкл Флинн аз афроди наздик ба Трамп бастаи пешниҳодҳои лағви таҳримҳои зидди Русияро дар матни ҳалли авзои Украина дастрас кардааст. Дар ин бора New York Times хабар дод.

Ба огаҳии ин расона, дар таҳияи ин пешниҳодҳо вакили шахсии Трамп -- Майкл Коэн, коршарики президент ва зодаи СССР -- Феликс Сатер, ки ба ӯ дар пайдо кардани тарҳҳои тиҷоратӣ дар Русия кумак мекардааст ва Андрей Артеменко, қонунгузори украин, мухолифи ҳукумати феълии Киев ширкат кардаанд. Артеменко ошкоро робитаҳояшро бо Кремл тасдиқ мекунад ва мегӯяд, далелҳои фасодзадагии президенти Украина Порошенкоро дар даст дорад.

Тарҳи сулҳ баровардани ҳамаи нерӯҳои Русияро аз Украинаи Шарқӣ ва баргузории референдуми Украинаро барои ба муддати 50 ё 100 сол ба Русия иҷора додани Қрим дар назар дорад. Нашрия ба нақл аз Артеменко менависад, тарҳи мазкур аз пуштибонии ёварони Путин бархӯрдор аст.

Дар оғози солҳои 2000-ум Артеменко бо айбномаи сирқати пул дуним солро дар маҳбаси Украина гузаронд, вале баъдан ин айбнома бекор карда шуд. Феликс Сатер ягон бист сол пеш гуноҳи худро дар қаллобии биржавие иқрор кард, ки дар он мафия даст дошт. Дафтари федероли пажӯҳиш (FBI) дар ҳоли ҳозир эҳтимоли тамоси Майкл Коэн ва атрофиёни дигари Трампро бо мақомоти баландпояи хадамоти махфии Русия тафтиш мекунад.

XS
SM
MD
LG