Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бахше аз амволи Занҷонӣ ба номи афроди бонуфузи давлати Тоҷикистон аст"


Як узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон ба ин назар аст, ки заминаи бозпасгирии амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ба иттилои Пойгоҳи хабарии "Ҷавон", Ҳасан Деҳдаштӣ, намояндаи парлумон ва узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобакӣ Занҷонӣ дар Маҷлиси исломӣ бо ишора ба печида будани парвандаи Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, ки "табиатан як идда аз афроди бонуфуз ва ҳамчунин бархе масъулон дар парвандаи Занҷонӣ дахолат доштаанд."

Узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон дар идома бо ишора ба ин, ки шеваи сармоягузории Занҷонӣ дар кишварҳои хориҷӣ паҳлӯҳои мухталифе дорад, ёддовар шудааст, ки "ба унвони мисол тайи маълумоте дар мавриди сармоягузории Занҷонӣ дар Тоҷикистон, ки аз дӯстони худ дарёфт кардаем, гуфта мешавад, ки Занҷонӣ аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад."

Ба гуфтаи вай, "ҳамчунин дар пайи маълумоти ба даст омада, гуфта мешавад, ки бисёре аз амволи бонки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ба номи Занҷонӣ нест ва шояд ин амвол ба номи бархе аз афроди бонуфузи давлати Тоҷикистон ва афроди савуми дигар бошад."

Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ

Узви парлумони Эрон дар идома ба шеваи ба даст овардани маълумот аз амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки "интизор доштем дар мавриди сармоягузории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ ва амнияти фаъол шаванд, аммо замоне дидем, ки фаъолияте вуҷуд надорад, дӯстони худро дар заминаи мазкур фаъол кардем, то бираванд ва иттилоот дар бораи сармоягузории Занҷонӣ дар Тоҷикистонро ба даст биёранд, ки ин иқдом анҷом шуд ва пас аз касби иттилоот, маълумоти мазкурро ба қувваи қазоия ироа кардем."

Деҳдаштӣ дар идома таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир хабардор шудаанд, ки қувваи қазоияи Эрон бо дарназар гирифтани маълумоти ба дастомада аз амволи Занҷонӣ дар Тоҷикистон, қарор аст иқдомотеро дар ин робита анҷом диҳад. Деҳдаштӣ дар посух ба ин пурсиш, ки оё тадобири масъулони Тоҷикикистон ва Эрон метавонд мунҷар ба баргашти бархе пулҳои ин муттаҳами нафтӣ ба Эрон шавад, гуфтааст, ки умедвор аст, бахше аз ин амволи Занҷонӣ ба кишвараш баргардонида шавад.

Узви Кумитаи пайгирии парвандаи Занҷонӣ дар парлумони Эрон бо умедворӣ аз ин, ки Тоҷикистон дар мавриди бозпасгирии амволи бонки Бобаки Занҷонӣ бо Эрон ҳамкорӣ хоҳад кард, изҳор доштааст, ки "дар ин бора банда 7-8 моҳ пеш ҳам ишораҳое доштам, зеро он вақт мутаваҷҷеҳ шудем, ки заминаи бозпасгирии амволи Занҷонӣ дар давлати Тоҷикистон вуҷуд дорад."

Деҳдаштӣ бо баёни ин, ки дар шароити феълӣ муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон бисёр хуб аст ва бояд аз ин фурсат ҷиҳати пайгирии амволи бонки Занҷонӣ дар Тоҷикистон истифода кард, афзудааст, ки "бештари шикоят ва гилаи мо дар ин мавзӯъ ин аст, ки чаро бо вуҷуди робитаи хубе, ки бо кишвари Тоҷикистон дорем, ҳанӯз ҳайате барои ҷустуҷӯ ва пайгирии амволи Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон фиристода нашудааст, то ҳадди ақал бахше аз амволи ин муттаҳами нафтӣ ба кишвар бозгардад."

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои дур задани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.

Қаблан ҳам бархе аз мақомоти эронӣ иддоа карда буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG