Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба дунболи созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ, таҳримҳо алайҳи миллиардери боздоштшуда Бобаки Занҷонӣ низ лағв шудаанд.

Рӯзномаи "Эътимод" чопи Теҳрон дар шумораи рӯзи 15 июл навишт, ки пас аз созиши ҳастаӣ миёни Эрон ва шаш қудратӣ ҷаҳонӣ дар Вена дар таърихи 14 июл, таҳримҳои Ғарб алайҳи миллиардери боздоштии он кишвар Бобаки Занҷонӣ аз байн бардошт шудаанд.

Бобаки Занҷонӣ ҳудуди чаҳор сол пеш аз ҷумлаи чеҳраҳое буд, ки тавассути Иттиҳодияи Аврупо таҳрим шуда ва як сол баъд вазорати хазонадории Амрико бо судури баёнияе эълом кард, ки Бобаки Занҷонӣ, бозаргони эронӣ, як муассисаи молӣ дар Дубай ва шуъбаҳои вобаста ба ин муассиса дар Малайзияро дар феҳристи таҳримҳои ин кишвар қарор додааст. Ин вазоратхона ҳамчунин як бонки малайзиягиро, ки дар интиқолоти ширкати миллии нафти Эрон тавассути Бобаки Занҷонӣ шароити мусоид эҷод мекард, мавриди таҳрим қарор дода буд.

Ҳоло Бобаки Занҷонӣ дар зиндон аст ва танҳо чанд соат баъд аз тавофуқи хабар расид, ки Бобаки Занҷони ҳамроҳ бо чандин чеҳраи дигар аз феҳристи таҳримҳо хориҷ шудаанд. Нашрия менависад, ки агар Бобаки Занҷонӣ хориҷ аз зиндон мебуд, шояд ин хабар барояш беҳтарин хабари зиндагониаш мешуд. Аммо ҳоло ки дар зиндон аст шунидани ин хабари муҳиме низ барои чандон фарқе нахоҳад дошт.

Матни барномаи иқдомҳои муштараки байни Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як, ки ҳоло мунташир шудааст, номҳои шуморе аз афрод ва ширкатҳоеро шомил кардааст, ки аст, ки аз таҳримҳо озод шуданд. Ба гузориши хабаргузории ИСНА, дар файли мунташиршуда аз сафҳаи 73 то сафҳаи 113 ба номҳои афрод ва ширкатҳое ишора шудааст, ки бар асоси созиши нав, аз таҳримҳо берун карда мешаванд. Дар поёни ин рӯйхат, ки ба тартиби ҳуруфи алифбои англисӣ мунташир шудааст, номи Бобак Муртазо Занҷонӣ низ ба чашм мехӯрад. Дар ин рӯйхат номи даҳҳо ширкат ва чеҳраҳои саршиноси эронӣ дида мешавад.

Маълум нест, ки берун шудани номи Занҷонӣ аз рӯйхати таҳримҳои байналмилалӣ ба парвандаи ҷиноии ӯ, ки бо иттиҳоми "гум" шудани миллирдҳо доллар вазорати нафти Эрон боз шудааст, таъсир хоҳад дошт ё не.

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои дур задани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.

Бархе мақомоти эронӣ иддао доранд, Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Аммо Ҳусайн Деҳдаштӣ дар нимаи дувуми моҳи июни соли ҷорӣ ба рӯзномаи "Шарқ", чопи Теҳрон гуфт, ки аз понздаҳ як ҳиссаи дороиҳои ин миллиардери боздоштшуда дар Тоҷикистон аст. Ин вакили парлумони Эрон, ки аввалин бор аз шиносоии амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон хабар дода буд, гуфт, "баровардаҳои мо ин аст, ки ба камияш як понздаҳум сармояи Занҷонӣ дар Тоҷикистон буда ва бояд тадобири лозим барои бозгашти манобеи молӣ ба кишвар рӯи даст гирифта шавад. Зеро сабти амволи Занҷонӣ дар замони таҳримҳо анҷом шудааст ва ҳоло имкони баррасӣ барои шиносоии дақиқ ва бозгардонидани амвол, фароҳам аст."

Вай қаблан гуфта буд, афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ парвандаи Бобак Занҷониро пайгирӣ кардаанд, пас аз сафар ба Тоҷикистон фаҳмиданд, ки як идда манобеи мутааллиқ ба ӯ дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки "мо ин мадорик ва аснодро ба қуваи қазоия ироа кардаем."

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG