Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи эътирози Бобаки Занҷонӣ ба ҳукми додгоҳ дар нисбаташ, парвандаи ӯ барои бозбинӣ ба Девони олии Эрон фиристода шудааст.

Ба дунболи эътирози Бобаки Занҷонӣ ба ҳукми додгоҳ дар нисбаташ, вакили мудофеи ӯ дар гуфтугӯ бо расонаҳои он кишвар гуфтааст, ки парвандаи зерҳимояаш барои бозбинӣ ба Девони олии Эрон ирсол шудааст. Расули Куҳпоязода, вакили дифои Бобаки Занҷонӣ рӯзи шанбеи 21-уми май ба хабаргузории донишҷӯёни Эрон - ИСНА гуфтааст, ки шӯъбаи 15-и Додгоҳи инқилоб пас аз шикояти онҳо, ин парвандаро ба Девони олии ин кишвар ирсол кардааст.

Девони олии Эрон олитарин ниҳоди додгоҳӣ дар Эрон аст, ки барои назорати иҷрои дурусти қонунҳо дар додгоҳҳо ташкил шудааст. Ин девон аз барҷастатарин додрасҳои он кишвар ташкил шудааст. Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонӣ ва ду тани дигар дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯи як додгоҳ дар Теҳрон ба иттиҳоми "фасод фил арз" (фасод дар замин) ба қатл маҳкум шуданд.

Ду рӯз қабл раиси Созмони зиндонҳои Эрон эълом кард, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамчунон дар "зиндони инфиродӣ" нигоҳ дошта мешавад. Асғар Ҷаҳонгирӣ, раиси ин созмон гуфт, ки "Бобаки Занҷонӣ бо бархе мақомоти додгоҳӣ дар робита ба баргардонидани пулҳояш, мулоқотҳое доштааст.

Эълони ҳукми қатл барои Бобаки Занҷонӣ бо вокунишҳои гуногун дар он кишвар рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла иддае мегӯянд, ки қатли вай роҳи ҳалл нест. Рӯзи сешанбеи 17-уми май Муҳаммадбоқир Баноб, яке аз вакилони парлумони Эрон гуфт, ки "бо эъдоми Бобаки Занҷонӣ сандуқи сиёҳи фасоди чанд миллиарддолларӣ аз байн меравад". Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ қаблан дар мавриди қазияи Бобаки Занҷонӣ гуфт, ки ҳукми эъдоми ин фард мушкили бозгардондани пулҳои ба яғморафтаро ҳал намекунад.

Расул Кӯҳпоязода, вакили дифои Бобаки Занҷонӣ аз ин қабл гуфта буд, ки «баъзе ҳамкорону амонатдорон»-и Бобаки Занҷонӣ, ки дар хориҷ аз Эрон пулҳову дороиҳои вайро дар ихтиёр доштанд, пас аз шунидани ҳукми додгоҳ «ба тамаъ афтодаанд ва ҳамин боис шудааст, ки фиристодани пулҳо ба кундӣ пеш биравад.»

Вакили мудофеъ бидуни ишора ба ҷузъиёт таъкид кард: «баъзеҳо дӯст доранд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳеҷ вақт аз вазъияти кунунӣ раҳоӣ пайдо накунад» ва ба ҳамин далел барои пардохти қарзҳои вай ҳамкорӣ намекунанд. Вакили мудофеи Занҷонӣ гуфт, агар додгоҳи Олии Эрон ҳукми зерҳимояашро тағйир диҳад, «замина барои ҷавлони фурсатталабон аз байн меравад».

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои коҳиши таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.

Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.

Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG