Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Зайд Саидов: Ҳама чизамонро бигиранд, вале ӯро озод кунанд


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Наздикони Зайд Саидов мегӯянд, мақомот мехоҳанд бар асоси ҳукми додгоҳ нафақат молу мулки ӯ, балки аз хешу таборашро низ мусодира кунанд.

Наздикони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидовро оғози мусодираи молу мулкашон дар асоси ҳукми ин соҳибкор нигарон кардааст. Онҳо инро нақзи хуқуқи хеш медонанд.

Чанд рӯз қабл иҷрокунандагони амри додгоҳи шаҳри Душанбе ба манзили зисти онҳо омада, талаб карданд, ки бар асоси ҳукми додгоҳ, дар мавриди мусодираи молу мулки Зайд Саидов, хонаҳои худро холӣ кунанд.

Файзиддин Шеров, бародари Зайд Саидов мегӯяд: “Дар соати 9-и шаб омаданд, занҳои хона ба ваҳм омаданд барои бевақтӣ. Омада мактуб доданд. Пагоҳӣ суд рафтем. Онҷо гуфтем, чаро даъват кардед? Гуфтанд, барои мусодираи хонаҳоятон. Ман гуфтам, дар ин хона худам заҳмат кашидам, худам сохтам, гуфтанд, ки ба мо фармон доданд."

Дар ин манзил анқариб бист нафар зиндагӣ мекунанд. Соҳибони он нигаронанд,ки хонаашонро гиранд, онҳо дар кӯча мемонанд. Аъзои ин хонавода мегӯянд, мувофиқи қонунгузорӣ хона дар сурати ғайриқонунӣ аз худ карда шудан, мусодира мешавад.

Файзиддин Шеров меафзояд: “Агар барои раҳоии бародарам ҳамин хонаи ман даркор бошад, пас ман на танҳо хона, балки ҷонамро медиҳам. Ман ҳозирам тамоми молу мулки хешу ақрабоямро ҳам ҷамъ оварам ва барои ҳамон одамон диҳам, ки ӯро раҳо кунанд. Мо аз баҳри ҳамаи ин молу мулк мегузарем.”

Пайвандони яке аз бародарони дигари Зайд Саидов ҳам аз гирифтани огоҳнома аз ҷониби судиҷрочиёни ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд. Онҳо мегӯянд, аз ин огоҳнома хеле ба тааҷҷуб афтоданд, зеро хона солҳои 77 аз ҷониби падари Зайд Саидов харида шудааст ва он вақт Зайд Саидов дар мактаби миёна таҳсил мекард.

Робия Шерова, бародарзодаи Зайд Саидов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Сабабаш акаам аст, тамом. Агар фикр кунем, ин хонаро падарам дар вақташ гирифтагӣ аст, аммо барои бародарам ин хонаро имрӯз аз дастамон мегиранд. Вақте пурсидем сабабашро, гуфтанд Зайд Саидов.”

Бошандагони ин хона мегӯянд, тибқи моддаи 57 кодекси ҷиноӣ бояд танҳо моликияти маҳкумшуда ба фоидаи давлат мусодира шавад. Банди сеюми ин модда, ба гуфтаи онҳо мусодираи молу мулки “барои махкумшуда ё шахсони дар таъминоташ буда зарур”-ро манъ мекунад. Ҳоло онҳо умед доранд, ки мақомот кӯдакони ноболиғи онҳоро ба назар мегирад, ки зиёда аз 20 нафар ҳастанд.

Саодат Шерова, келини хонаводаи Зайд Саидов мегӯяд: “Ман соҳиби 7 фарзанд мебошам. Бист сол шуд дар ҳамин хона зиндагӣ мекунам. Дар ҳамин хонаи хусуру хушдоман 4 оила ҳастем.Ман бо 7 фарзандам хонае надорам, ки мустақилона зиндагӣ кунем. Дар ин фасли сармо бо кудакони майда мо куҷо меравем? Мо ҳамин қадар ҷой дорем.”

Мақомот ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд, вале ду ҳукми Додгоҳи олӣ, ки Зайд Саидовро дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум кард, мусодираи молу мулки ӯ ба хотири ҷуброни зарари иқтисодии ба давлат расондаашро низ пешбинӣ мекунад. То кунун бар асоси ҳукми додгоҳ 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро мусодира ва давлатӣ карданд.

Худи Зайд Саидов ва тарафдоронаш ҳукми ӯро сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, ки ин соҳибкор барои азмаш ба таъсиси ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав мавриди таъқиб қарор гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG