Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Оҷонсӣ ба даъвои вакилони Зайд Саидов дар бораи СМС-ҳои таҳдидомез


Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров

Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров

Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, аз тарафи афроди ношинос паёмакҳои таҳдидомез гирифтаанд. Ожонсии мубориза зидди фасод мегӯяд, дар ин кор даст надорад.

Вакилони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов рӯзи 25 феврал бо нашри як изҳорот шикоят карданд, ки аз замони ба дӯш гирифтани ҳимояи Саидов дар моҳи майи соли 2013 таҳти таъқиби пайваста қарор доранд ва дар ин авохир ҳарсеи онҳо аз тарафи афроди номаълум СМС ё паймакҳое гирифтаанд ва дар ин паёмакҳо ба ҷони онҳо таҳдид мешавад. Вакилони Зайд Саидов - Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров - дар изҳороти худ аз чандин мавриди баёнияҳои тунди раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб дар ҳаққи онҳо ёдваорӣ карда, таҳдидҳои ахирро ғайримустақим натиҷаи чунин шеваи бархӯрди раҳбари Ожонсӣ номидаанд.

Аммо Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон изҳороти вакилони Зайд Саидов дар мавриди таҳдиди телефонӣ ба ҷони онҳоро, ки гӯё паёмади баёнияҳои тунди раиси ин ниҳод Абдуфаттоҳ Ғоиб бошад, бесос мешуморанд ва ин изҳоротро тааҷҷубовар медонанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо корпупсия рӯзи 25-уми феврал дар робита ба изҳороти се вакили Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳеҷ сурат як ниҳоди муҳими қудратӣ барои худ раво намебинад, ки бо телефони махфӣ ё бо роҳҳои дигари пинҳонӣ ба нафаре таҳдид кунад.

Дафтари матбуоти Оҷонсӣ меафзояд, ки рақами телефони 915651308, ки дар изҳороти вакилони Зайд Саидов зикр шудааст, дар феҳристи телефонҳои кормандони Оҷонсӣ вуҷуд надорад ва борҳо барои санҷиш аз ин рақам занг зада, маълум кардаанд, ки дар паси ин телефон муштарие вуҷуд надорад.

Ба қавли мақомоти Оҷонсӣ, агар барои рӯшан кардани суоле зарурат пеш ояд, корманди ин ниҳод нафари лозимиро даъват мекунад ва дар чаҳорчӯбаи қонун мулоқот мекунад ва ҳеҷ гоҳ бо роҳи паёмак ё СМС маҷбур кардан ва ё таҳдид кардани нафаре усули кори ин ниҳод намебошад.

Вакилони Зайд Саидов дар изҳороти худ, ки рӯзи 25 феврал нашр шуд, мегӯянд, ки «тайи чанд вақт аст, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии Агентии назоратӣ давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ба хусус директори он Абдуфаттохи Ғоиб, қарор дорем». Вакилони Зайд Саидов ҳамин тавр дар изҳороти худ менависанд, ки ба маълумоти онҳо, маъмурони Ожонси зидди фасод"аз паси мо шабу рӯз назорат мебарад ва телефонҳои моро бар хилофи Конститутсияи Тоҷикистон ва меъёрҳои қонунгузорӣ гӯш мекунанд.”

Дар идомаи изҳорот ҳамчунин омадааст, "ҳарчанд то ин вақт мо фишорро нисбати худ эҳсос менамудем пас аз ин ба телефонҳои мо шахсони номаълум занг зада моро ва аҳли оилаи моро таҳдид, таҳқир ва тарс дода истодаанд. "
Ба иддаои вакилон, Шӯҳрат Қудратов ахиран аз рақами телефонии 915651308 бо чунин мазмун паёмак гирифтааст: “Гуш к т да серуз вакт рафта аризата ай суд гир набоша капат дуд кадагияй фикри хдта накни фикри гудакота к ки хамаша нигах дорем неки ай хад гзаронде таерита би ба кариби пеши хаму зайдт мере”.

Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров низ иддао доранд, ки чунин паёмакҳои таҳдидомез гирифтаанд. Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, дар чунин шароит аз амнияти худу наздикони худ нигарон ҳастанд.

Зайд Саидов

Зайд Саидов

Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони шинохтаи тоҷик, молҳи апрели соли гузашта аз азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Аммо ӯ рӯзи 19 майи соли 2013 ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва рӯзи 25 декабр бо ҷароими сангине, чун порагирӣ, сӯъиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Худи Зайд Саидов ва вакилону тарафдоронаш мӯътақиданд, ки таъқибу боздошт ва ҳукми ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дошта, интиқоми мақомот аз азми ӯ барио сохтани ҳизби Тоҷикистони нав аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG