Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додрас гуфтааст, дархости баргузории мурофиаи парвандаи дувуми Зайд Саидов дар толори Додгоҳи олӣ ва бо ширкати хабарнигорон рӯзи 16 феврал баррасӣ хоҳад шуд.

Алпомиш Акбаров, раискунанда дар мурофиаи додгоҳии парвандаи соҳибкори зиндонии тоҷик рӯзи 12 феврал зимни баррасии парвандаи дувуми Зайд Саидов дар иртибот ба дархости Исҳоқ Табаров оид ба баргузории мурофиа дар толори Додгоҳи олӣ ва бо ҳузури хабарнигорон гуфт, ки онро рӯзи душанбе баррасӣ хоҳанд кард. Додгоҳ пас аз мурофиа имрӯз, то рӯзи душанбеи 16 феврал танаффус эълон кард

Мурофиаи додгоҳии парвандаи дувуми соҳибкори зиндонии Тоҷикистон Зайд Саидов рӯзи панҷшанбеи 12 феврал дар Боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов чанд рӯз қабл тариқи вакили дифои худ номае ба Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон ирсол карда ва хостори баргузории мурофиаи парвандаи дувуми худ дар толори Додгоҳи Олӣ бо ширкати хабарнигорон шуда буд.

Ҷаноби Саидов гуфта буд, бисёр мехоҳад мурофиаи ӯ ба таври боз ҷараён гирад, то мардум фаҳманд, ки ӯ то куҷо гунаҳкору то куҷо бегуноҳ аст. Дар акси ҳол Зайид Саидов гуфтааст, ки аз ширкат дар ин мурофиа даст мекашад. Ин буд, ки бархе аз хабарнигорон рӯзи 12 феврал дар назди бинои Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҳозир шуданд, аммо онҳоро барои вуруд иҷоза надоданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, танҳо шиносномаи Исҳоқ Табаров, вакили дифоъ ва Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов барои вуруд ба бинои Боздошгоҳи муваққатӣ аз сӯи маъмурон гирифта шуд. Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, зерҳимояаш дар нома ба раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон навиштааст, ки “парвандаи дуввум сирф иқтисодист ва мӯҳри махфӣ низ надораду ҳеҷ сире нест, он бояд дар толори Додгоҳи Олӣ баргузор шавад.”

Зайд Саидов, моҳи декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамакнун дар айбномаи нав Зайд Саидов, ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон – Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе – Плаза” пешбинӣ гардидааст, мутаҳҳам дониста мешавад. Аммо вакили дифои зайд Саидов мегӯяд, зерҳимояаш расман ҳеҷ иртиботе ба “Тоҷсохтмон * байналмилал” робитае надорад.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар, 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG