Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наққошии тасвири бузурги Зафар Нозим дар Русия


Тасвири бузурги Зафар Нозим. Кори Мария Антипина
Тасвири бузурги Зафар Нозим. Кори Мария Антипина

Мария Антипина, узви Иттиҳодияи наққошони Русия, дар шаҳри Перм тасвири бузурги марҳум Зафар Нозимро кашидааст, ки интизор меравад дар ҷашни 75-солагияш ба писари ӯ - Ҷовидон тақдим шавад.

Мария Антипина, узви Иттиҳодияи наққошони Русия, тасвир ё акси бузурги Зафар Нозим -- ҳунарманди маъруфи Тоҷикистонро наққошӣ кардааст. Ин ягона асари чеҳранигории шахсияти фарҳангӣ ва ҳунарии Тоҷикистон дар солҳои охир дар Русия мебошад.

Антипина мегӯяд, то оғози кор дар бораи Зафар Нозим маълумот надошт, аммо дар ҷараёни наққошии тасвири бузургаш бо ин овозхон "ошно" шудааст. "Барои намуна чанд таронаашро гӯш кардам ва тавассути наворҳои видеоӣ бо садо ва ҳунари ин овозхон ошно шудам,"--нақл кард Антипина.

Ин наққоши рус афзуд, мушкилтарин коре, ки ҳангоми офаридани асар ба он рӯбарӯ мешавад, офаридани хислатҳои инсон аст, ки бояд дар асар таҷассум ёбад. "Дар бораи он чизе намегӯям ва наметавонам қазоват кунам, ки ба чунин кор муваффақ шудаам ё хайр, барои ҳамин қазоватро ба мухлисони ин ҳунарманд ва бинандагони ин асари наққошӣ

Мария Антипина
Мария Антипина

мегузорам. Онҳо бояд баҳо диҳанд. Ман наққошиҳои зиёд ва аксҳои зиёд офаридаам, вале ин одамеро, ки тасвирашро офаридам, барои худам хушоянд буд, аз чеҳрааш дида мешавад, одами хирадманд аст. Чанд нафаре, ки дидаанд, аз ҷумла ононе, ки акси Зафар Нозимро ба ман доданд, ин асарро писандиданд,"--таъкид дошт ӯ.

Раҳматулло Мазориев, яке аз раҳбарони ҷамъияти муҳоҷирони тоҷик дар Перм аз ҷумлаи фармоишдиҳандагони ин асари наққошист. Ӯ мегӯяд, ин асари наққошӣ дастовезе ба 75-солагии Зафар Нозим аст ва мехоҳад онро дар зодрӯзи ҳунарманд ба Ҷовидон -- писари Зафар Нозим дар Душанбе ҳадя кунад. Вале мегӯяд ӯ, гурӯҳи муҳоҷирони корие, ки дар Перм фаъолият мекунанд, дархост кардаанд, ки пеш аз ҳадяи асар ба Ҷовидон онҳо мехоҳанд дар Перм дар робита бо ин солгард маросиме баргузор намоянд.

Раҳматулло Мазориев
Раҳматулло Мазориев

Мазориев афзуд, "муҳоҷироне, ки дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба Русия омаданд шахсоне ҳастанд, ки тахминан аз 40 то 55-сола мебошанд. Инҳо ҳама бо сурудҳои Зафар Нозим ба воя расидаанд. Услубу сабки Зафар Нозим табъи дили ҳамаи мо буд. Ҳамин омил моро водор кард, ки тасвири устодро барои ҳадя тайёр кунем ва ҳамзамон худамон ҳам барномаҳое баргузор ва рӯҳи он касро шод намоем."

Маҳмадшоҳ Ҳалимов, яке аз муҳоҷирони тоҷик ва аз ҳаводорони Зафар Нозим дар Перм, низ мегӯяд, дар дурӣ аз Ватан таронаҳои ин овозхон ба кас рӯҳ мебахшад ва онҳо ҳамин тавр дарди ғурбатро ҷуброн мекунанд: "Яке аз мухлисон худи ман ҳастам. Дар телефонам 4 диски Зафар Нозим забт шудааст. Дар мошину дар хона ҳам ҳамин тавр дискҳои таронаҳояшро дорам. Шабу рӯз Зафар Нозим бо мост. Бисёрии ғаму андӯҳи ман бо ҳамин таронаҳои устод Зафар мебароянд."

2 июни соли ҷорӣ бо 75-солагии Зафар Нозим ҳунарманди мардумии Тоҷикистон баробар аст. Дар ин рӯз ҳаводорони ин овзхони мумтоз дар Перм бо баргузории барномаҳои вижа ин санаро баргузор хоҳад кард. Зафар Нозим дар синни ҳафтодсолагӣ, моҳи августи соли 2010, бар асари як бемории тӯлонӣ дар Душанбе ҷаҳонро падруд гуфт. Ҷасади ӯ дар оромгоҳи Лучоб, дар канори чеҳраҳои саршиноси миллат, ба хок супурда шудааст.

Маросими хоксупории Устод Зафар Нозим
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Зафар Нозим аз ҳунармандоне буд, ки дар муқоиса ба овозхонҳои дигари маҳбуб дар маҳалҳои хоси Тоҷикистон, дар саросари кишвар ҳаводору шунаванда дошт. Оҳангҳои устод Зафар умумитоҷикист, ки ҳам оҳанги Кӯлоб, ҳам Дарвоз, ҳам Бадахшон ва ҳам Суғдро дорад. Ӯ соли 1940 дар хонаводаи як сокини одии водии Рашти Тоҷикистон ба дунё омада ва зери сояи модари танҳо бузург шудааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шӯҳрате ба даст овард, ки ҳунармандони собиқадор надоштанд.

Таронаҳои "Эй сорбон, оҳиста рон", "Бигзор, то бигирям", "Зулайхо", "Модар" ба қавле дар ин 50 сол ҳамеша дар миёни насли миёнсолу бузургсол маҳбуб буда ва ҳанӯз ҳам ҳаст. Зафар Нозим ба унвонҳои мӯътабари Ҳунарманди мардумӣ ва шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст ва нишонҳои дигари фахрии давлатӣ ҳам дорад. Ӯ дар гузашта раҳбари филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии "Ганҷина" буд.

XS
SM
MD
LG