Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омили сӯиқасд ба ҷони Обидхон-Қорӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд


Обидхон-Қорӣ Назаров

Обидхон-Қорӣ Назаров

Додгоҳи Шветсия, Юрий Жуковский, нафари муҷрим дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии узбак Обидхон-Қорӣ Назаровро ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Додгоҳи шаҳри Сундсвали Шветсия рӯзи 1 март Юрий Жуковский, шаҳрванди Узбакистон ва нафари муҷрим дар сӯиқасди 4 соли пеш ба ҷони рӯҳонии шинохтаи узбак Обидхон-Қорӣ Назаровро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Жуковский моҳи декабр аз сӯи додгоҳи шаҳри Остершунд дар шимоли Шветсия барои ҳамин сӯиқасд ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Аммо ҳам вакили Жуковский, ҳам додситонӣ ва ҳам ҷониби ҷабрдида, яъне хонаводаи Обидхон-Қорӣ Назаров аз ин ҳукм норозӣ буданд ва ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат карданд. Додгоҳи Сундсвал рӯзи 9 феврал ба бозбинии ин парванда пардохт ва баъди се ҳафтаи муҳокима 18 сол ҳукми Жуковскийро ба ҳабси абад иваз кард.

Довудхон Назаров, писари Обидхон-Қорӣ Назаров, ки низ дар Шветсия ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳукми абади Юрий Жуковскийро боз як қадами дигари бузург ба сӯи тантанаи адолат, вале боз ҳам ҷазои сазовор барои омили сӯиқасд ба ҷони падараш номид: “Падари ман 4 сол боз дар кати беморист ва ин одам низ бояд ба сазояш мерасид. Талаби мо аз додгоҳ барои Жуковский ҳукми абад буд ва мо ба ин ноил шудем. Ин ҳукм як паёми рӯшан ба режими Узбакистон аст.”

Довудхон Назаров

Довудхон Назаров

Вале Довудхон Назаров мӯътақид аст, ки таҳқиқи парвандаи сӯиқасд ба ҷони падари ӯ набояд бо ҳамин тамом шавад. Ӯ мегӯяд, дар пушти Юрий Жуковский нафарони дигар истодаанд, ки низ бояд ба масъулият кашонда шаванд: “Исми ин афрод маълум аст. Мақомоти тафтишотии Шветсия чандин бор гуфтанд, ки далоиле доранд, ки ба даст доштани режими Узбакистон дар ин сӯиқасди фармоишӣ ишора мекунанд. Сӯиқасд ба ҷони падари ман ангезаҳои сиёсӣ дошт ва таҳқиқи аъмоли ҳамаи афроде, ки дар ин ҷиноят даст доштанд, бояд идома ёбад.”

Обидхон-Қорӣ Назаров бо гузашти 4 сол аз сӯиқасди 4 сол пеш ҳамчунон дар бистари беморӣ таҳти табобат қарор дорад. Ӯ танҳо акнун ягон-ягон қадам мегузорад ва кам-кам ба ҳарф задан шурӯъ кардааст, вале ба гуфтаи наздиконаш, ҳанӯз хеле ба сахтӣ.

Обидхон-Қорӣ Назаров аз мунтақидони сарсахти ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов ба шумор меравад. Ӯ дар Намангон ба дунё омада, дар солҳои 90 имоми масҷиди ҷомеи Тилошайхи Тошканд буд. Вале ин рӯҳонии маъруф ҳанӯз дар соли 1998 маҷбур ба тарки Узбакистон шуд ва баъди чанд соли зиндагӣ дар Қазоқистон дар соли 2006 дар Шветсия паноҳгоҳи сиёсӣ ба даст овард. Мақомоти Узбакистон ӯро дар таблиғи ақидаҳои Ваҳҳобия айбдор мекунанд. Худи Назаров инро рад мекунад.

Обидхон-Қорӣ Назаров моҳи феврали соли 2012 дар назди манзилаш дар шаҳри Стромшунди Шветсия ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Як нафари силоҳбадаст ба сари ӯ аз туфангча тир холӣ кард. Мақомоти Шветсия моҳи майи соли 2012 зану шавҳар аз Узбакистон Баҳодур Пӯлотов ва Нодира Аминоваро бо иттиҳоми кӯмак дар анҷоми сӯиқасд ба ҷони Назаров дастгир карданд. Вале ҳарду баъди чанде ба далели камбуди шавоҳид озод шуданд.

Худи Жуковский дар ибтидои соли 2015 дар Маскав дастгир ва моҳи август ба Шветсия истирдод шуд. Ӯ дар ҷараёни тафтиш эътироф кард, ки тамоми чизро гуфта наметавонад, чунки барои ҳаёти наздиконаш дар Узбакистон метарсад.

Муфаттиши парванда Кристер Петерссон қаблан дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз вуҷуди аломатҳои фаровоне ҳарф зада буд, ки ба фармоишгари ин сӯиқасд будани ҳукумати Узбакистон ишора мекунанд. Петерсон мӯътақид аст, ки Обидхон-Қорӣ Назаров ба далели фаъолиятҳои сиёсиву мазҳабиаш ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтааст.

Наздикони Назаров, аз ҷумла писараш Довудхон, ҳам бар ин боваранд, ки фармоиши куштани ӯ аз Тошканд омадааст ва Жуковский дар ин қазия танҳо нақши кулангро иҷро кардааст. Довудхон Назаров мегӯяд, адолат вақте пурра тантана хоҳад кард, ки фармоишгарони ин сӯиқасдро низ ба курсии айбдорӣ бинишонанд.

Aбдуллоҳ Бухорӣ

Aбдуллоҳ Бухорӣ

Сӯиқасд ба ҷони Обидхон-Қорӣ Назаров танҳо сӯиқасд ба ҷони рӯҳониёни мунтақиди ҳукумати президенти Узбакистон Ислом Каримов нест. Ҳоло дар додгоҳи Истамбул муҳокимаи парвандаи қатли Мирзоғолиб Ҳамидов, маъруф ба Абдуллоҳ Бухорӣ идома дорад. Абдуллоҳ Бухорӣ дар натиҷаи як сӯиқасд рӯзи 10 декабри соли 2014 дар маҳаллаи Зайтурбуруни шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд.

Бино ба гузориши расонаҳои Туркия, ҳафтаи гузашта дар мурофиаи ин парванда гуфта шуд, ки Собир Шукуров ном афсари Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба Элдор Аслан, гумонбари асосӣ дар қатли рӯҳонии мухолифи узбак Мирзоғолиб Ҳамидов, маъруф ба Абдуллоҳ Бухорӣ 200 ҳазор доллар додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG