Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Худдории Тоҷикистон аз раъйдиҳии қатъномаи Қрим дар СММ


Натиҷаҳои раъйдишӣ дар Маҷмаи умумии СММ

Натиҷаҳои раъйдишӣ дар Маҷмаи умумии СММ

Дар раъйдиҳии қатъномаи СММ, ки ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба Русияро маҳкум мекард, Тоҷикистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигар аслан раъй надод.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон, аз ҷумла Туркманистону Қирғизистон, Исроил ва як идда кишварҳои дигар дар овоздиҳӣ иштирок накарданд. Гурҷистону Озарбойҷон ва Молдова амалкарди Русияро маҳкум карда ва ба тарафдории тамомияти арзии Украина раъй додаанд. Қазоқистону Узбакистон ва Афғонистон дар ин масъала бетарафӣ ихтиёр кардаанд. Дар маҷмӯъ 100 кишвар ба тарафдории қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар мавриди беэътибор донистани раъйдиҳии умумӣ дар Қрим ва ҳамроҳ кардани он ба Русия овоз додаанд. Ёздаҳ кишвар аз ҷумла Русия, Белорус ва Арманистон ба зидди қабули ин қатънома раъй додаанд. Дар маҷмӯъ 58 кишвар ба ин қатънома раъйи мумтанеъ додаанд.

Ҳангоми баррасии ин қатънома, ки дар он ба тамомияти арзии Украина таъкид шудааст, вазири муваққати умури хориҷаи ин кишвар Андрий Дешнитса рӯзи 27 март дар иҷлоси Маҷмаи умумии СММ бо як лаҳни тунд аз тасарруфи Қрим тавассути Русия интиқод кард. Дешнитса гуфт, рафтори Русия паймонҳои байналмилалӣ роҷеъ ба тамомияти арзии кишварҳоро "ҷиддан вайрон мекунад." Раҳбари идораи дипломатии Украина ҳамчунин аз аъзои Маҷмаи умумии СММ хост, то "имрӯз бо раъйи қавии худ пеши роҳи поймол кардани якпорчагии кишварҳоро бигиред." Ӯ як моҳи гузашта аз замони ишғоли низомии Қрим аз тарафи Русияро моҳе номид, ки барои Украина бо баҳои гарон анҷом шуд.

Аммо сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин дар посух ба Дешнитса дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, Қрим таърихан бахе аз Русия аст. Ӯ афзуд, баъди барканории раисиҷумҳур Виктор Янукович дар моҳи феврал Украина дигар ҳукумати қонунӣ надорад.

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар СММ Томас Майр-Ҳартинг истифодаи нирӯ бо ҳадафи тағйири марзҳо ва рафтори Русияро, ки ба таъбири ӯ, "рӯирост поймол кардани Оинномаи СММ аст," маҳкум кард. Сафири Амрико Саманта Повер гуфт, "Украина ҳақ дорад, то аз мо эътироф накардани статус-квои Русия дар Қримро талаб кунад."

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 27 март бӯҳрони Украинаро баҳс мекунад. Интизор меравад, Маҷмаи умумӣ дар қатъномааш ба якпорчагии Украина таъкид кардаву райъпурсии Қрим бо талаби ба Русия пайвастани ин вилояти Украинаро ғайриқонунӣ эълон кунад. Аммо иҷрои қатъномаҳои ин ниҳод барои кишварҳо ҳатмӣ нест. Дипломатҳо мегӯянд, нуфузи Русия болои бисёре аз кишварҳо боис мешавад, ки як теъдоди қобили мулоҳизаи кишварҳо аз раъй додан дар масъалаи Украина дар Маҷмаи умумӣ худдорӣ кунанд.

Юлия Тимошенко ба интихобот меравад
Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко рӯзи 27 март эълон кард, ки номзадиашро барои интихоботи рӯзи 25 майи раёсати ин ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад. Юлия Тимошенко эълон кард, ки номзадиашро ба интихоботи рӯзи 25 май пешбарӣ мекунад. Тимошенкои 53-сола дар як нишасти хабарӣ дар Киев аз азмаш барои ширкат дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентии Украина хабар дод. Ин интихоботро порлумони Украина дар пайи барканории Виктор Янукович дар таърихи 22 феврал даъват кардааст ва номзадҳо метавонанд то 4 апрел худро барои ширкат дар ин корзор сабти ном кунанд.

Юлия Тимошенко, яке аз раҳбарони "инқилоби норинҷӣ"-и поёни соли 2004, дар замони раҳбарии Виктор Юшенко сарвазири Украина буд. Ӯ дар интихоботи соли 2010 аз Виктор Янукович шикаст хӯрд ва соле баъд бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои қарордоди хариди гази Русия ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Тимошенко парвандаҳои зиддиаш бозшударо сиёсӣ меномид. Дар Ғарб низ бисёриҳо бар ин бовар буданд, ки ҳукумати Янукович аз рақиби асосии ӯ бо чунин васила интиқом мегирад.

Юлия Тимошенко рӯзи 22 феврал, дар ҳамон рӯзи барканории Янукович аз мақом, бар асоси як қонуни афв аз бемористони зиндони Харков озод карда шуд. Ӯ баъди раҳоияш дар Олмон табобат мегирифт ва ҳафтае пеш ба Украина баргашт.

Тимошенко баъди бозгашт дар як барномаи телевизионӣ дар шабакаи "Интер" башиддат аз сиёсати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва тасарруфи Қрим аз сӯи Русия интиқод кард ва аз ҷумла Путинро "душмани рақами як"-и Украина ном бурд. Ӯ ҳамин тавр, изҳори итминон кард, ки ғасби Қрим дар ниҳоят бо суқути режими худи Путин дар Русия анҷом хоҳад ёфт ва ин вилоят дубора дар канори Украина хоҳад омад.

Аз 14то 18 миллиард $ кумак ба Украина

Бино ба хабари дигар, Сандуқи байналмилалии пул ба Украина аз 14 то 18 миллиард доллар ваъдаи кумаки молӣ додаааст. Сандуқи пул рӯзи 27 март, баъди ду ҳафтаи музокирот дар Киев дар як изҳорот хабар дод, ки бо мақомоти Украина рӯи як барномаи дусолаи ислоҳоти иқтисодӣ тавофуқ кардааст. Ин кумаки молӣ бояд иқтисоди Украинаро, ки дар натиҷаи се моҳи эътирозҳову тасарруфи Қрим аз сӯи Русия ва кӯтоҳиҳои ҳукумати қаблии Виктор Янукович дар вартаи варшикастагӣ қарор гирифтааст, аз ин варта берун бикашад.
Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк

Сарвазири муваққати Украина Арсений Ятсенюк рӯзи 27 март гуфт, хазинаи давлатии Украина тақрибан холист: "Дар соли 2014, кишвар 289 миллиард ҳривна(баробари тақрибан 26 миллиард доллар) камбуд дорад. Ин баробари қариб тамоми буҷаи боқимондаи соли ҷорист."

Барномаи кумак ба Украина бояд моҳи апрел аз сӯи Шӯрои мудирони Сандуқи пул тасвиб шавад. Амрико аз ин тавофуқ истиқбол карда, онро "аломати қавмии ҳимояти ҷомиаи байналмилалӣ аз ҳукумати Украина номид.

Украина дар маҷмӯъ ба 27 миллиард доллар кумаки иқтисодӣ ниёз дошта, ба гуфтаи Ятсенюк, "агар шартҳои Сандуқи пул барои анҷоми ислоҳоти иқтисодиро иҷро накунад, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Украина имсол то 10 дарсад коҳиш ёфта, сатҳи таваррум 12-14 дарсад хоҳад шуд."

Ятсенюк афзуд, ихтилофи Киев бо Маскав бар сари Қрим низ ба иқтисоди Украина таъсири манфӣ мегузорад. Қарзи хориҷии Украина дар ҳоли ҳозир аз марзи 140 миллиард доллар гузаштааст ва Маскав мегӯяд, Киев танҳо аз пули газ то имрӯз беш аз 10 миллиард доллар қарздор шудааст. Бар изофа, Ятсенюк ба порлумон хабар дод, ки Русия аз 1 апрел нархи газашро 79 фоиз боло бурда, ба 480 доллар барои ҳар 100 метри мукааб мерасонад. Ба бовари Ятсенюк, "ин нархест, ки Украина барои истиқлолаш пардохт мекунад."
Равобити Русияву Украина як моҳ пеш баъди барканории ҳукумати Виктор Янукович ба сардии бесобиқа гароид. Русия ба дунбол бо таҳрики эҳсосоти ҷудоиталабӣ дар шарқ ва ҷануби Украина ва бо баҳонаи ҳимоят аз манофеи мардуми русзабон вилояти Қрим ва шаҳри Севастополи Украинаро ба ҳайси ду субъекти нав ба қаламрави худ замима кард. Ин иқдоми Русия ба вокуниши шадидан манфии Киев ва Ғарб рӯбарӯ шуда, Амрикову Аврупо алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ карданд. Дар Ғарб ғасби Қрим аз сӯи рафтори Русияро "ишғолгарӣ" меноманд, вале Маскав мегӯяд, дар Қрим дар чорчӯби қонунҳои байналмилалӣ ва бар асоси хости мардуми он вилоят амал кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG