Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Урумчӣ маросими оғози амалиёти СВОП ё мубодилаи асъор миёни сомонии Тоҷикистон ва юани Чин баргузор шуд. Ин амалиёт яке аз роҳҳои пешгирӣ аз болоравии қурби доллар гуфта мешавад.

Рӯзи 13 декабр дар Урумчии Чин маросими оғози амалиёти СВОП ё мубодилаи асъор миёни пули миллии Тоҷикистон ва юани Чин баргузор шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки "ин чораи пешгирӣ аз шиддати болоравии қурби доллар дар кишвар аст".

Худи созишномаи СВОП моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин имзо шуда буд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, ду ҳафтаи пеш дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ин тадбир шиддати болоравии қурби долларро коҳиш дода ва ба соҳибкорони тоҷики соҳиби тиҷорат дар Чин кумак хоҳад кард.

Таҷрибаи муомилоти пуливу корӣ бо асъори кишвари сармоягузор, ки бо истилоҳи СВОП маъруф аст, дар иқтисоди ҷаҳон падидаи роҳуфтода аст. Чин муддатҳо пеш бо даҳҳо кишвар чунин ҳамкориро ба роҳ мондааст. Механизми кор ин аст, ки Бонки рушди Чин, як ниҳоди тобеи Бонки мардумии ин кишвар бо маблағи муайян ба бонки рушди давлати ҳамкор қарз медиҳад ва ин пулҳо дар ихтиёри ширкату корхонаҳое гузошта мешавад, ки барои харидории мол дар Чин ба юан эҳтиёҷ доранд.

Сергей Сенинский, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар Радиои Озодӣ, мегӯяд, дар шароите ки 72 дарсади муомилаҳои пулии ҷаҳон бо ду асъори асосӣ - доллари амрикоӣ (45%) ва евро (27%) - сурат мегирад, ин иқтисодҳои дар ҳоли рукудро маҷбур мекунад, ки як бахши муомилаҳои тиҷоратиро бо давлати аслии шарики иқтисодиашон бо пули миллии он давлат ба роҳ монанд. Коршинос мегӯяд, стратегияи интихобкардаи мақомоти Тоҷикистон ҳам ба ҳамин чорчӯб мувофиқат мекунад.

Юани чинӣ аз назари истифода дар муомилаҳои тиҷоративу молии ҷаҳон баъди фунти бритониёӣ (9%) ба ҷои чорум баромада, 3 дарсади муомилаҳои ҷаҳонро ташкил мекунад.

Чин ваъда додааст, ки дар се соли оянда ба ҳисоби ним миллиард доллар (3,1 миллиард юан) ба Тоҷикистон юан медиҳад. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон зимни шарҳи амалиёти СВОП гуфтанд, ки дар чорчӯби он мубодилаи сомонӣ ба юан ва баръакс аз рӯи қурби пешакӣ муқарраршуда сурат хоҳад гирифт. Ҳадаф аз ин амалиёт зиёд кардани захираҳо, баланд бардоштани имконоти содиротӣ, сармоягузории бахши тиҷорат ва дастгирии тавозуни пардохт унвон шудааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, қурби пулҳои миллии Тоҷикистону Чин бар асоси таҷрубаи ҷаҳонӣ, яъне бо дарназардошти қурби доллари амрикоӣ муайян карда мешавад. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо дар қадами аввал як миллион юанро ба бозор мебароранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG