Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастрасӣ ба Youtube дар Тоҷикистон имконпазир шуд


Дастрасӣ ба торнамои Ютюб дар Тоҷикистон сар аз рӯзи 20 июн имконпазир шудааст. Ин шабакаи пуртамошобин тағрибан аз 9 июн ба ин сӯ дастнорас шуда буд.

Анҷумани дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дастарсӣ ба Youtube имконпазир шуд ва ҳоло аз тариқи ҳамаи ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет, метавон бидуни мамониат вориди ин торнамо шуд.

Ассомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз масдудияти якҳафтаина, дастарсӣ ба шабакаи иҷтимоии Youtube имконпазир шуд.

Вай гуфт, ки сарфи назар аз номае, ки онҳо рӯзи 18 июн ба унвони президенти Тоҷикистон навиштаанд ва то ҳануз посухи онро дарёфт накардаанд, аммо ҳоло Youtube боз мебошад.

Дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон низ боз будани Youtube, сомонаи Tojnews ва Гугл ва Gmail -ро тасдиқ кард ва дар мавриди гӯё аз тарафи мақомоти Тоҷикистонмасдуд шудани ин торнамоҳо изҳори бехабарӣ намуд.

Вале Асомидди Атоев гуфт, ки масъалаи пайваста бастану боз кардани шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон дар Шӯрои навбатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди президенти кишвар баррасӣ хоҳанд кард.

Анҷумани дастраскунандагони Интернети Тоҷикистон 18 июн ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон нома ирсол дошта хоҳиш карда буд, ки дар амри боз шудани Ютуб аз тарафи Хадамоти алоқа мусоидат кунад.

Дар Тоҷикистон тақрибан аз 9 июн ба ин тараф дастрасӣ ба сомонаҳои Ютуб, Гугл ва Gmail масдуд шуда буд, вале Хадамоти алоқа даст доштани худро дар амри масдуд кардани инр сомонаҳо рад мекунад.
XS
SM
MD
LG